Бо пайравӣ аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳнамоиву ташаббусҳои созандаи раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат корҳои ободониву бунёдкорӣ дар маркази ноҳия вусъати тоза гирифта, симои маркази ноҳия рӯз ба рӯз зебову дилрабо мегардад.

Имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ноҳияи Сангвор чеҳраи идона ба бар кардааст. Кӯчаю хиёбонҳо, мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва даромадгоҳи ноҳия бо ороишоти идона, Парчами давлатӣ, шиору навиштаҷоти ватандӯстона ва дигар унсурҳои зебодиҳанда оро ёфта, ба муҳити ноҳия ҳусни хоса бахшидаанд.

Яке аз чунин иқдомҳои шоиста дар даромадгоҳи ноҳияи Сангвор амалӣ гардид. Дар ин мавзеъ лавҳаи ороишии бузург бо тасвири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва навиштаҷоти ватандӯстона қомат афрохт.

Лавҳаи мазкур бо ташаббуси Раҳмонов Сафар, сокини ноҳияи Сангвор, бунёд гардидааст.

Ба андешаи Сафар Раҳмонов, ободии маҳал танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Ӯ таъкид намуд, ки ташаббуси мазкурро бо мақсади саҳм гузоштан дар зебоии маркази ноҳия ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудааст. Сафар Раҳмонов бо иқдоми худ нишон дод, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯст метавонад новобаста аз вазифа ва мақоми иҷтимоӣ дар ободии маҳали худ саҳмгузор бошад.

Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат низ дар доираи фаъолияти худ ба масъалаҳои ободонӣ ва беҳтар намудани симои маркази ноҳия таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, сокинонро ба ташаббусҳои созанда ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳал ҳидоят менамояд.

Лавҳаи ороишӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Сангвор ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлол бунёд гардидааст.

Идизода Қурбоналӣ