Дар арафаи таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи ҷомеа ба дастовардҳои беназир ва дурнамои кишвар бештар мешавад. Мардум ҳамагӣ дар фикри истиқбол аз 35-умин солгарди истиқлоланду сагони дайдуву дарбадари хокбарсар Муҳамадиқболи Садриддин  бо ҳаммаслаконаш дар андешаи туҳмату буҳтону дурӯғпароканиву иғвоандозӣ.

Оре, дар чунин шароит фазои иттилоотӣ  фаъолтар мегардад, истиқлолу шукӯҳмандиву намои шуҳрату шони он ба гӯши дӯсту душман мерасад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои интернетӣ ва дигар минбарҳои рақамӣ  аз шаъну шони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беназиртарин дастоварду рушду такомул сухан меравад. Аммо, сагони гушнаи бестухонмонда ангеза пайдо мекунанд. Вале, ку гӯши гапшунав, бечораҳо чораи дигар надоранд.  Агар аз ин аккос монанд, аз дунё мемонанд.

Эй хиёнатпешаҳо! Бояд ба гӯши шумо расонид, ки мавҷудияти андешаи мухолиф дар ҷомеа падидаи ғайриоддӣ нест. Дар ҷомеаи сиёсӣ масъалаи муҳим  аст, ки ҳар тараф то кадом андоза барои суханони худ далел меорад, масъулияти иҷтимоӣ нишон медиҳад ва ба манфиатҳои мардум муносибати созанда дорад, оё медонед инро?!

Муҳамадиқболи хиёнаткор ба халқу миллат, маълум аст, мардум огоҳанд, ки ту он ҷакишро ба хотири шиками ҳаромат ва барои макони будубошат, ки муваққат ба ту додаанд, мекунӣ, мефаҳмам ҳолати ногуворатро))))

Ту марзи масъулияти мухолифатро бишнос, сухане бигӯ созанда бошад, на туҳмату иғвогарӣ. Бо ин гуна суханфурӯшиву ба қавле фалсафафурӯшӣ дар назди хоҷагони хориҷиат, қиммататро ба тангаи пучак баробар кардаӣ. Ҳадди аққал нонатро ҳалол карда хӯр, Ҳаромзодаи ҳаромхӯр!

Ҳатто аз этикаву эстетикаи баҳсҳо бархӯрдор нестӣ. Вақте баҳси сиёсӣ ба таҳқири шахсиятҳо, паҳн кардани маълумоти тасдиқнашуда, туҳмат ё барангехтани душманӣ миёни гурӯҳҳои ҷомеа табдил меёбад, он дигар  мубоҳисаи сиёсӣ нест.... Медонӣ?!

Ту бадзот, минбари нафсатро ба манбаи бесубботии ҷомеа тадил додании, аммо ин ҳама андешаҳои парешатро дар хобу хаёлат мебинӣ. Мардум, дигар аз савсатаҳои ту барин шайтони раҷиму лаъин  безоранду огоҳ, дониста бош!

Оре, танқиди камбудиҳо метавонад барои рушди ҷомеа зарур бошад, аммо танқид этикаву эстетика ва фарҳанги баландро  аз мухолиф талаб мекунад. Ту ба қавли худат як носиву бангиву  ифротии афғонӣ астӣ, ки солҳост, қасди дигаронро аз Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳӣ бигирӣ. Вале ту куҷову ҳукуматдориву давлатсозиву сиёсатбозӣ куҷо?!

Туҳмату буҳтону тавҳинро бас, кун ба далелҳои равшан назар андоз, бубин Тоҷикистонро, имрӯзҳо чӣ қадар сермеҳмон аст,  ҳазорон ҳазорҳо дастоварду пешравиву рушду биноҳо қомат афрохта ва тантанаи ҷашни истиқлол ба дунё садо сар дода... Андеша кун, ки ту кистӣ ва чаро ба чунин рӯзи сиёҳ афтодаӣ!

Олимзода Абдулло,
муовини раиси но
ҳияи Сангвор