Конференсияи илмӣ-амалӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 октябр дар ноҳияи Сангвор ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маылисгощи мацомоти иыроияи щокимияти давлатии нощияи Сангвор, бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар конференсия масъалаҳои ҳифз, рушди минбаъда, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ, муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтиром ба забони давлатӣ танҳо риояи меъёрҳои забонӣ набуда, балки нишонаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, бахусус кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, бояд барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва истифодаи дурусти он дар муоширати расмию корӣ саҳми муносиб гузоранд.

Дар идомаи конференсия Раҳмон Умаров, корманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, Муҳаё Раҳимова, корманди Ҷамоати деҳоти Тавилдара, Туйчӣ Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дигар баромадкунандагон андешаҳои худро баён намуданд.

Онҳо таъкид карданд, ки ҳифзи забони модарӣ вазифаи танҳо як сохтор ё ниҳоди алоҳида набуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Хусусан дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши фазои маҷозӣ зарурати риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти калимаҳо ва арҷгузорӣ ба забони адабӣ бештар мегардад.

Дар конференсия ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги сухан, истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар санадҳои расмӣ, муҳити корӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин нақши ҷавонон дар ҳифз ва рушди забони давлатӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки забон яке аз муҳимтарин пояҳои ҳастии миллат буда, ҳифзу покизагӣ ва рушди он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Гузориши Қурбоналӣ Идизода