Зиҳӣ Пешвои миллат, эй қаҳрамони сарсупурдаву қадршиноси миллат!
Пешвои миллат, қаҳрамони халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва иродаи қавии ватандӯстона тавонистанд дар саҳифаҳои таърихи миллат корномаҳои ҷовидона сабт намоянд. Имрӯз миллати тоҷик бо ифтихор ва сарбаландӣ шоҳиди он аст, ки фарзандони фарзонаи Ватан, ки солҳо дур аз хоки аҷдодӣ оромида буданд, бо ташаббуси наҷибонаи Президенти кишвар ба оғӯши гарми Меҳан баргаштанд.
Ин иқдоми таърихӣ танҳо бозгардондани муште хок нест, балки эҳёи адолати таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва инсонсолоронаи Пешвои миллат номи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дубора бо ҳарфҳои заррин дар қалби мардум ҷой гирифт.
Зиҳӣ ҳомии таърих ва ҳувияти миллӣ!
Бо ибтикор ва дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки рамзии фарзандони фарзонаи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва маорифпарвари барҷаста Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуд. Ин иқдоми таърихӣ на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат мебошад, балки рамзи эҳёи адолати таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди маънавии гузаштаву имрӯзи тоҷикон маҳсуб меёбад.
Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ҳоле баргузор гардид, ки ҷомеаи тоҷик имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ба ҳифзи ҳувияти миллӣ, посдошти хотираи таърихӣ ва гиромидошти фарзандони фидокори миллат ниёз дорад. Зеро миллате, ки гузашта ва қаҳрамонони худро фаромӯш мекунад, наметавонад ояндаи устувор бунёд намояд.
Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони давлати муосири тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамчун нахустин роҳбари давлати Тоҷикистон барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ талошҳои бузург анҷом додааст. Мутаассифона, дар солҳои мудҳиши репрессияҳои сиёсӣ ӯ бо иттиҳомҳои сохта боздошт ва соли 1937 тирборон гардид. Танҳо баъд аз даҳсолаҳо ҳақиқат рӯшан шуда, номи ӯ ҳамчун фарзанди содиқи миллат сафед гардид ва соли 2006 ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Шириншоҳ Шоҳтемур низ аз чеҳраҳои дурахшони сиёсии тоҷикон ба шумор мерафт. Ӯ барои муттаҳидсозии сарзаминҳои тоҷикнишин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ хизматҳои бузург кардааст. Аммо ӯ низ қурбонии сиёсатҳои золимонаи даврони сталинӣ гардид. Бо вуҷуди ин, таърих номи ӯро ҳамчун муборизи роҳи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ ҷовидона нигоҳ дошт.
Нисор Муҳаммад бошад, аз нахустин маорифпарварони Тоҷикистон ва аввалин вазири маорифи ҷумҳурӣ буд. Маҳз бо талошҳои ӯ мактабҳои тоҷикӣ таъсис ёфта, китобҳои дарсӣ таҳия ва заминаи рушди маърифати миллӣ гузошта шуд. Ӯ низ қурбонии туҳмату буҳтонҳои сиёсӣ гардида, соли 1937 ба қатл расонида шуд.
Баъд аз марги Иосиф Сталин ва оғози бознигарии парвандаҳои сиёсӣ, ҳарсе расман бегуноҳ эътироф гардиданд. Имрӯз бошад, Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои онҳоро бо эҳтироми хоса қадрдонӣ мекунад.
Бозгардондани хоки рамзии ин фарзандони миллат ба Тоҷикистон маънои амиқи сиёсиву маънавӣ дорад. Ин иқдом гувоҳи он аст, ки давлат ва миллат фарзандони содиқу фидокори худро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Ҳар зарраи хоке, ки аз маҳалли дафни онҳо ба Ватан оварда шуд, рамзи эҳтиром, садоқат ва посдории таърих мебошад.
Ин иқдоми таърихии Пешвои миллат аҳамияти бузурги тарбиявӣ низ дорад. Насли ҷавон имрӯз бо чашми сар мебинад, ки хизмат ба миллат ва Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Қаҳрамонони миллат на танҳо дар китобҳои таърих, балки дар қалби мардум зинда мемонанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди арзишҳо масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ табдил ёфтааст. Агар миллат таърих, забон ва қаҳрамонони худро пос надорад, тадриҷан рӯ ба заъф меорад. Аз ҳамин ҷост, ки эҳёи хотираи таърихӣ имрӯз як қисми муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва ватансозонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ном ва корномаи фарзандони фарзонаи миллат дубора эҳё гардида, ҳамчун намунаи ватандӯстӣ ва худшиносӣ ба насли ҷавон муаррифӣ мешаванд.
Бешубҳа, бозгардондани хоки рамзии Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Ватан як рӯйдоди одӣ нест. Ин пирӯзии ҳақиқат бар беадолатӣ, эҳёи номуси таърихӣ ва рамзи арҷгузорӣ ба фарзандони содиқи миллат мебошад.
Имрӯз ин қаҳрамонони миллат, ки барои давлатдорӣ, маърифат ва ҳифзи ҳувияти тоҷикон ҷони худро нисор кардаанд, дар Ватани аҷдодии худ соҳиби оромгоҳи рамзӣ мешаванд.
Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, бешубҳа, дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин абадӣ сабт мегарданд.
Абдулло Олимзода,
муовини раиси ноҳияи Сангвор









