Имрӯз бархе аз афроди ифротгаро, ки худро “дилсӯзи миллат” вонамуд мекунанд, дар асл бо кирдор ва гуфтори худ ба давлату миллати хеш хиёнат менамоянд. Ин гуна ашхос, ки дар кишварҳои бегона паноҳгоҳ меҷӯянд ва ба хотири манфиати шахсӣ, як луқма нон ё гирифтани пуштибонии хоҷагони хориҷӣ соҳиби минбар мешаванд,  ҳаққи насиҳат кардан ба мардумро надоранд. Оре, ҳақ ва ҳуқуқи насиҳат кардан ба мардумро надоранд! Зеро шахсе, ки Ватан, миллат ва арзишҳои миллиро нодида мегираду онҳоро  зери по карда, ба миллати хеш хиёнат мекунад, санги маломат ба сари онҳо мерезад, наметавонад даъвои ватандӯстӣ  кунаду ба гӯши мардум насиҳатро чун фавора резад. Мардум ин гунаҳоро алакай мешиносанд.

Мутаассифона, имрӯз баъзе гурӯҳҳои ифротӣ ва афроди гумроҳ аз минбарҳои бегона истифода бурда, нисбат ба давлату миллат суханони бадбинона ва иғвоангез мегӯянд. Онҳо мехоҳанд бо паҳн намудани дурӯғу буҳтон, ҳангома сохта, тухми низоъро дар ҷомеа кошта, ҷавононро гумроҳ созанд. Аммо мардум хуб дарк менамоянд, ки чунин ашхос ҳадафи созанда надоранд ва фаъолияти онҳо танҳо ба манфиати доираҳои муайяни хориҷӣ равона шудааст.

Шахсе, ки аз Ватан гурехтааст, дар паноҳи дигарон зиндагӣ мекунад ва аз ҳисоби бегонагон рӯз мегузаронад, наметавонад дар бораи нангу номус, ватандӯстӣ ва озодӣ сухан кунад. Зеро муҳаббат ба Ватан на бо шиор, балки бо амал, садоқат ва хизмат ба мардум исбот мегардад. Онҳое, ки аз дур истода ба сӯи давлату миллат санги маломат мезананд, бояд донанд, ки таърих ҳаргиз хиёнаткоронро намебахшад.

Мардуми Тоҷикистон имрӯз хуб мефаҳманд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар бо заҳмату ҷоннисориҳои зиёд ба даст омадааст.

Ифротгароён ва бадхоҳони миллат ҳар қадар кӯшиш намоянд ҳам, наметавонанд иродаи қавии мардумро шикананд. Миллати тоҷик ҳамеша дар атрофи давлат ва роҳбарияти худ муттаҳид буда, ба ҳар гуна дасисаҳои бегонапарастона ҷавоби сазовор медиҳад.Ба вазъи ҳассосу зудтағйирёбандаи ҷаҳону минтақа назар карда, шахси худогоҳ бештар аз ҳарвақта моҳияту муҳимияти таҳкими сулҳу субот, пойдории соҳибистиқлолии Ватан ва иттиҳоду сарҷамъии халқи хешро дарк мекунад. Зеро дунёи имрӯза дар баробари тавоноию қудрат, пешравии босуръати илму технологияи муосир ва рушди соҳаҳои калидӣ ба насли босаводу инсонпарвар ва меҳанпарасту созанда чун обу ҳаво ниёзи бештар дорад.

Давлатҳои абарқудрати олам барои тавсеаи нуфузу эътибор, дунболи манфиатҳои геосиёсӣ, тақсимбандии қисматҳои гуногуни сайёраи Замин, ба даст овардани захираҳои табии он аз ҳамаи фишангҳои мавҷудаашон ба таври васеъ истифода мекунанд. Яъне, дар чунин шароит онҳо ҳатто одитарин тартиботи мавҷудияти инсон - дар як олам зистанро зери савол гузошта, баҳри расидан ба ҳадафҳои худ аз тамоми усулҳои мамнӯъи ҷангу мухолифат бепарда истифода мекунанд.

Назорати пурра аз болои системаҳои моҳвораӣ, ба кор андохтани иқтидори бузурги хадамоти ҷосусӣ, идора кардани бузургтарин шабакаҳои интернетию телевизионӣ, паҳн кардани ғояҳои тахрибкорона ва пайваста зери лаҷом гирифтани гурўҳҳои экстремистию террористӣ аз мавҷудияти кору фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо далолат дода, бо чунин зуҳурот танҳо наслҳое муқовимат карда метавонанд, ки агар дар амал хештаншинос бошанд.

Мубаллиғони манфиатҳои беруна аз шумули зодагони мамлакати мо дар хориҷа ҳастанд, ки номусу виҷдонро бар ивази пулу асъори хориҷӣ фурӯхта, ҳамарӯза бо дидгоҳи тангу халқозорӣ, ахбороти сохтаву бофта ҷониби мо санги маломат мезананд.

Акнун пӯшида ҳам нест, ки агар чунин платформаҳои хадамоти ҷосусӣ, саҳифаҳои фейбукӣ, Ютубканалҳои сомонаҳои экстремистии "Ислоҳнет" - и М. Садриддин бо лақаби "Кабутари сафед", "Pamir Inside", "Pamir post", "Terabash - 56" ва ғайра ташвиқоту мухолифат, оммафиребӣ ва бадбинии зиддимиллиро ба таври густарда амалӣ насозанду теъдоди обуначиёнро ба сайтҳои экстремистию террористӣ зиёд накунанд, эшонро хатари ҷиддии рондан аз ҳудуди кишварҳои хориҷӣ таҳдид мекунад. Зеро майдони мафкурасозӣ ва ба қавле"паноҳгоҳҳои сиёсӣ" низ ба он хотир барояшон фароҳам оварда шудаанд, то онҳо идеологияи зиддиҳокимиятиро бештару зиёдтар карда, барои бесуботӣ ва мусаллат шудан бар афкори мардум аз ҳамаи роҳу усулҳо ба гунаи васеъ зери пардаи "тарғиби демократия ва ҳомии ҳуқуқи инсон" бояд истифода намоянд. Дар ин зимн саволи мантиқие ба миён меояд, ки чаро чунин "ҳомиёни ҳуқуқи башар" дар ҳаводиси қатлу куштор, бомбаборон кардани мардуми ориёитабору ҳамфарҳанги худ Эрон, ё Ғазза ва Лубнон лаби хомӯшӣ газида, ҳарфе ҳам намезананд. Посух равшан аст, ки эшон танҳо аз манфиатҳои ғарбӣ ҳимоят мекунанд, зеро сарпарастону "паноҳандагонашон" бевосита онҳоянд.

Аммо дар Тоҷикистони азизамон, ки бо шарофати ваҳдати миллӣ ва 35 соли соҳибистиқлолии Ватан на танҳо ҳамарӯза, балки ҳар сонияву дақиқа корҳои азими созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифтаанд, виҷдонбохтагон бо иродаи халқи шарифи мо бозӣ доранд ва ҳамаи дастоварду пешравиҳоямонро нодиданӣ мешаванд.

Пас, посух як аст, агар онҳо заррае шарафу номус медоштанд мисли дигарон дар анҷом додани корҳои созандагиву ободкорӣ даст мезаданд, вале ҳайҳот аз чунин хислатҳои наҷиби инсонӣ фарсахҳо дур ҳастанд. Аз ин рӯ, парокандагии миллату давлатро мехоҳанд ва пайваста дар андешаи халалдор сохтани фазои тинҷу ороми кишвар ҳастанд.

Бо итминони комил метавонем гуфт, ки бо шукргузорӣ аз ин давлату аз ин пешрафтҳо ҳама тан ба тан аз як гиребон сар бароварда, бар муқобили ҳама гуна нобасомониҳо мубориза хоҳем бурд. Зеро таърих борҳо исбот сохтааст, ки ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд ва нақшаву ниятҳои разил ва пасти онҳо низ дар ҳеҷ як маврид амалӣ намешаванд ва нахоҳад буд.

 Туйчӣ Нурзода