Рӯзи 10.07.2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бо иштироки аксарияти вакилон, иштироки сардорони ташкилоту муассисаҳо ва  мақомотҳои қудратии ноҳия иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор гузаронида шуд, ки дар он чандин масъалаи талаботи рӯз баррасӣ гардиданд. 

 

 

 

 

      

     Бахшида ба Рӯзи маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 8-уми июл дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад, имсол низ дар  Маркази ҷамъиятии “Кошонаи меҳр”-и  маркази хизматрасонии иҷтимоӣ бароии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Сангвор бо ташаббуси мудири Бахши ҳифзи иҷтимоиёти аҳолии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сатторбекзода Умеда Сатторбек ва менеҷери ин марказ Исмонов Муродалӣ  бо як шукуҳу шаҳомоти хосса гузаронида шуд, ки хурсандии маъюбон ва волидайни эшонро ҳадду канор набуд.

 

 

 

 

                

Ҳамдиёрони азиз!

Меҳмонони гиромӣ!

     Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо саодатмандӣ, иқболи нек, ҳаёти пур аз муҳаббати бепоёну илҳомбахш ва тамоми хушиҳои дунёро таманно дорам. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Аз ин рӯ, таҷлили ин ид дар сатҳи байналмилалӣ миллатҳои ҷаҳонро бо ҳам қарин мегардонад.

   

    Бахусус, дар ҳоле ки ҷаҳонро хатарҳои терроризм ва экстремизм таҳдид мекунад ва ин хатарҳоро бо дину миллатҳо нисбат медиҳанд, пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар шинохт ва эҳтироми фарҳанги миллатҳо нақши муҳим дорад.

     Дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари мо накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодонамон – Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту ба машом мерасад. Аз шарофати Наврӯз қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахши наврӯзӣ фаро мегирад. Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон чун арзи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ниёгон дастархони идонаи наврӯзӣ меороянд ва мардум аз файзу баракати рӯзгор шукргузорӣ менамоянд. Наврӯз дар аҳди Сомониён аз ҷумлаи бузургтарин ва муътабартарин идҳои мардуми тоҷик буда, ба истиқболи он деҳқонон, тоҷирон, косибон, сарбозону ҳокимон моҳҳо тайёрӣ медиданд. Шоирон ва санъаткорону ҳунармандон беҳтарин офаридаҳои ҳунари хешро маҳз дар айёми Наврӯз пешкаши мардум мекарданд. Наврӯз иди поку беолоиши мардумист, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии серу осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон кӯшоиши кор ато мекунад. Аҳли кишту кор Наврӯзро чун муждаи эҳёи табиат бесаброна интизор мешаванд. Акнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст.

     Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи мо расидааст. Наврӯз ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тули қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офатҳою газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай ба хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шуравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама дарду машаққатҳо миллати тоҷик тавонист дубора Наврӯзро зинда кунонад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад, Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад, Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз як ҷашни зебост ва дар фасли зебои сол-баҳор гузаронида мешавад. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-24-уми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукуҳ бо тамоми расму оинҳояш таҷлил карда мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Ватани аслии Наврӯз сарзамини тоҷикон буда, номи фасеҳу ширин ва гуворояш низ лафзи тоҷикист ва бо ҳамин ном, яъне Наврӯз ба иди бисёр халқҳои ҷаҳон табдил ёфтааст.

    Тӯхфаи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар арафаи Соли нави мелодӣ ба тамоми тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҷумҳуриявӣ, ки иборат аз сару либоси зимистонаи мактабӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ буданд, дастраси ин ятимон – тарбиятгирандагон гардонида шуданд.

   Аз ҷумла санаи 25 –уми декабри соли ҷорӣ аз тарафи намояндаи дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати маориф, иттилоот ва фарҳанг Сафарзода Анвар ба 118 нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор туҳфаҳои сарвари кишвар (сару либоси мактабӣ ва туҳфаҳои солинавӣ) дар як ҳолати тантанавӣ супорида шуданд.

   Аз ин дастигирию ғамхориҳои навбатии саврвари кишвар  хурсандии ин ятимонро ҳадду канор набуд. Маъмумирияти мактаб – интернати мазкур ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор низ аз дастгириҳои ҳамешагии сарвари кишвар ҳамеша мамнун буда, миннатдории хешро нисбати кумаки навбатӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони ин даргоҳ ба Пешвои миллат иброз намуданд.