Имрӯз ҷаҳон дар як гирдоби пурталотуми ҳодисаҳое қарор дорад, ки ҳар рӯз аз чор гӯшаи он хабарҳои даргирӣ, низоъ ва нобасомониҳо ба гӯш мерасанд. Ин хабарҳо танҳо сатри  нашрияву сомонаву расонаҳо нестанд, балки воқеияти талхеанд, ки дар паси онҳо сарнавишти инсонҳо, орзуҳои  кӯдакону ҷавонон  пинҳон аст. Бисёр ҷонхарош аст, вақте ин хабарҳо пахшу нашр мешаванд. Зеро ҳар як ҷанг пеш аз ҳама ба ҷони инсон, ба оромии оилаҳо ва ба ояндаи кӯдакон зарба мезанад.

Абарқудратҳо ва қувваҳои сиёсӣ  дар талоши густариши нуфуз ва манфиатҳои худ қарор доранд, вале дар ин бозии бузург, он чизе ки фаромӯш мешавад, арзиши ҷони инсон аст. Зери ин осмони яксон, кӯдакон, ҷавонон, занон ва пиронсолон аз ҳама бештар осеб мебинанд.

Дар паи ин ҳама нооромиву низоъҳои ҷаҳонӣ, ки имрӯз аз ҳар гӯшаи олам ба гӯш мерасанд, боз як падидаи хатарнок низ рӯ ба афзоиш аст, густариши сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонони нозукандеш ба доми онҳо. Ин гурӯҳҳо дар паси шиорҳои зебо ва ваъдаҳои дурӯғин пинҳон шуда, дар асл на сулҳ меоранд ва на адолат,  кори онҳо танҳо вайронӣ, хунрезӣ ва фоҷиа асту бас.

Оқибаташ ин аст, ки ҷавонон дар айни сармастиву хандаву бозӣ қурбонии ана ҳамин ифротгароён мешаванд. Ва чун ғунчаҳои номурод дар айни бишкуфтан хазон мегарданд. Ё пушти панҷара умри ҷавонро сипарӣ мекунанд, ё ба ҳалокат мерасанд.

Дардноктарин паҳлӯи ин падида он аст, ки ин гурӯҳҳо ба ҳаёти инсон арзиш намедиҳанд. Имрӯз таблиғоти ифротгароён на танҳо дар муҳити воқеӣ, балки дар фазои маҷозӣ низ паҳн мегардад.  Шабакаҳои иҷтимоӣ ба як  майдони дигар  барои ҷалби ҷавонон табдил ёфтаанд.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн мешаванд, ки дидани онҳо барои ҳар инсони дорои дилу эҳсос  хеле душвор ва дарднок аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ наворе пахш шудааст, ки кӯдакони “Ғазза” тобут дар даст доранду болои тобут лухтаке, ки онро чанд нафар барои дафн мебаранд. Ин манзара воқеан ҳузнангез аст, дар ҳоле, ки ин кӯдакони маъсуму бегуноҳу аз дунё бехабар ба ҷои ин гуна “бозӣ” бояд дар муассисаҳои таҳсилоти то мактабӣ, боғчаҳо тарбия гиранд, онҳо ҳақ доранд, бозиҳои шавқовару барои хандаи беғашашон завқоваре таҳия созанд. Аммо, онҳо танҳо ҷангу ҷанозаву дафни инсонро дидаанд. Оқибати ифроту даҳшату ваҳшати ҷанг ба онҳо ҳаминро нишон додааст.

Ҳатто як тифлаке, рӯи ҷасади беҷони модараш доду фарёд мезад, ки агар рафтӣ пеши худо аз хунрезии ин террористони силоҳбадаст бигӯ...  Ҳамин гуна ҳазорҳо манзараҳост, ки хеле ҷонхарошанд... Аммо, манфиатҷӯиву қудратмандӣ ба чашм хок пошидааст. Гиряи кӯдакони маъсумак ба гӯши ин гуна манфиатхоҳон намедарояд.

Мутаассифона, дар минтақаҳое, ки низоъ доранд,  кӯдакон зуд ба муҳити зӯроварӣ одат мекунанд. Онҳо чизеро мебинанд ва таҷриба мекунанд, ки ба синну солашон тамоман мувофиқ нест.

Дар ниҳоят, чунин манзараҳо моро водор месозанд, ки бори дигар дар бораи арзиши сулҳу ваҳдат андеша кунем. Сулҳ ин  ҳифзи кӯдакӣ, ҳифзи орзуҳо ва ҳифзи инсон аст. То вақте ки кӯдакон, ба ҷои бозӣ бо лӯхтак, маросими ҷанозаро мебинанд, инсоният ҳанӯз вазифаи худро дар назди худ пурра иҷро накардааст. Ин як фоҷеаи инсонӣ, як захми амиқ дар виҷдони башарият аст.

Модарон  бо ҳазор ормон писар калон мекунад, ки аз ӯ ифтихор кунад, на барои рӯзе, ки писар, бо андешаи ифротиён банд монаду қасд ба ҷони модар кунад...

Ҷавононро  зарур аст, ки онҳо дар баробари ҳар гуна маълумоти нодуруст, найрангҳои равонӣ ва таблиғоти фиребанда ҳушёр бошанд. Имрӯз дар фазои иттилоотӣ, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, андешаҳои таҳрифшуда ва даъватҳои хатарнок зиёд  паҳн мешаванд. Фарқ кардани ҳақиқат аз дурӯғ дар чунин шароит яке аз муҳимтарин малакаи ҳар як ҷавон мебошад.

 

Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки ҳар гуна даъватҳое, ки зери шиорҳои зебо пинҳон шуда, аммо ба ҷудоӣ, низоъ ва харобӣ мебаранд, дар асл ба манфиати инсон нестанд.

Ҷавонон бояд чашми дониш ва ақли хешро бедор созанд ва бо тафаккури солим ба воқеиятҳо назар намоянд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар, ки  натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, қадр созанд. Оре, ин дастовардҳоро қадр намуда, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва тамаддундориро бо эҳсоси масъулият ҳифз намоянд...

Шодӣ Раҳмонов,
мудири шуъбаи и
ҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
МИ
ҲД-и ноҳияи Сангвор