Имрӯз ба ҳар василаву роҳу усул бархе аз нерӯҳо ва гурӯҳҳое, ки берун аз марзҳои Тоҷикистон қарор доранд, мекӯшанд бо пахши иттилооти гуногун ба афкори ҷомеа таъсир расонанд ва боиси нофаҳмиҳо гарданд. Аммо таҷрибаи таърихӣ, бахусус рӯйдодҳои солҳои 90-уми асри гузашта, нишон додааст, ки ҷанг ва низоъ танҳо ба харобӣ ва талафоти бузург меоранду ин мардум низ дигар ба он гумроҳону сагони дайдуи гадо гӯш намеандозанд, зеро хуб медонанд, ки “саг меҷакаду одам ба роҳаш меравад". Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, дар он аст, ки аз сулҳу субот ҳифз намоянд ва ба ҳар гуна даъватҳое, ки метавонанд ҷомеаро ба нооромӣ баранд, бо хирад ва масъулият муносибат кунанд.

Мо бояд дарк намоем, ки рушди устувори Тоҷикистон аз ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми қонун вобаста аст. Ҳар андешае, ки ба ихтилоф, душманӣ ва нооромӣ даъват мекунад, набояд бе таҳлил пазируфта шавад.

Дар чунин шароит, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иттилоотии ҷомеа аҳамияти махсус дорад. Ҷавонон бояд тавонанд байни иттилооти боэътимод ва носанҷида фарқ гузоранд, ба эҳсосот дода нашаванд ва ояндаи худро бо ақлу хирад бунёд намоянд.

Гурӯҳҳои тундрав ва бархе аз намояндагони мухолифини сиёсӣ, ки берун аз марзҳои Тоҷикистон қарор доранд, тавассути фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ пуштибон ёфтаву ба қавле “минбар” пайдо карда ба “таҳлил”-и вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон машғуланд.

Аммо таҳлилгарону коршиносон ин равандро фаъолияти иҷбории онҳо ва ҳамчун паҳн кардани иттилооти нодурусту дурӯғ ва ангехтани ихтилоф мешуморанд. Фазои иттилоотии муосир, ки бо суръати баланд рушд мекунад, имконият медиҳад, ки ҳар як шахс андешаи худро ба аудиторияи васеъ пешниҳод намояд. Аммо ҳамин имконият метавонад ба паҳншавии маълумоти бофтаву  бардурӯғи онҳо низ мусоидат кунад. Аммо бояд онҳо дар ёд гиранд, ки хиёнат ба Ватану миллат ҳаргиз аз саҳифаҳои таърих ва аз хотираи миллат зудуда намегардад.

Ифротгароӣ низ ҳаду андоза дорад. Аммо онҳо, марзҳоро убур мекунанд, то дар ватани дигарон паноҳгоҳ ёбанд ва хоҷагонашон ба қавле табъашон хира нагардад.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон, бо дарназардошти таҷрибаи таърихӣ, аз ҷумла давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, масъалаи таъмини амният ва пешгирии ифротгароӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ин давлат дару дарвоза дорад. Аккоси сагоне ба мисли Муҳамадиқболи Садриддин ва пайравони ӯ дар фазои иттилоотӣ бо изҳорот ва барномаҳои сохтафу бофта, гӯиё  “баҳс”-ҳоро тезу тунд мекунанд. Аммо, касе, ки зеҳн мемонад ва ё шуури баланд дорад медонаду мефаҳмад, ки ин сагони дайдуи бегонапараст  ин баромадҳоро бо камшууриву бо андешаи хом ва бидуни далел (факт) таҳия карда, мехоҳанд бо ин васила  дар атрофи худ пайронашонро ҷамъ созанд. Онҳо ба далелҳо такя накарда,  ба таври хандаовар ба  афкори ҷамъиятӣ  гӯиё “таъсир” мерасонанд.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як майдони асосии муборизаи иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Шахсиятҳое мисли Муҳаммадиқболи Садриддин дар ин фазо ба хотири хоҷаҳои хориҷӣ ва душманони миллати тоҷик, инчунин барои аз сарпаноҳ ва як бурдаи нонашон намондан, “фаъол” буда, тавассути барномаҳо ва наворҳои худ масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки он саги аккосзанада-Муҳамадиқболи Садриддин на ақли кофӣ дораду на зеҳни буррову гиро, ки як миллатро аз дур нишаста таҳлил кунад. Ӯро ки хоҷагонаш зиёд фишор меоранд, ба касалии қанд  гирифтор шуда, ҳатто пайи саломатии хеш вақт надорад.  Ва гӯиё  ихтилофи назар нишон медиҳад.

Мо ҷавонон, ки  дар Ватанаем, медонем, ки вазъ чӣ гуна аст. Мо,  дар ватани худ, Тоҷикистони азиз,  дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем ва қадри сулҳу суботро хуб дарк мекунем. Аз ин рӯ, ҳар гуна изҳороте, ки метавонад ба ваҳдат ва оромии ҷомеа таъсири манфӣ расонад, мо онро маҳкум мекунем.

Мо бар он назарем, ки рушди устувори кишвар ва ҳифзи суботи ҷомеа аз ҳар як шаҳрванди масъул муносибати огоҳона ва ҳисси баланди ватандӯстиро талаб мекунад. Дар ин замина, сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва барномаҳои давлат, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар равона шудаанд, барои мо аҳамияти муҳим доранд.

Идизода Қурбоналӣ,
корманди МИ
ҲД-и ноҳияи Сангвор