Имрӯзҳо ҳифз ва дифоъ намудани худшиносии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфтааст. Ҷаҳонишавӣ, ки раванди фарогири наздикшавии давлатҳо ва фарҳангҳост, аз як ҷониб имкониятҳои нав, аз қабили рушди илму техника, мубодилаи таҷриба ва густариши робитаҳои иқтисодиро фароҳам меорад, аммо аз ҷониби дигар, метавонад ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва ҳувияти миллатҳо таъсири манфӣ расонад. Дар чунин шароит ҳар як миллат бояд барои ҳифзи асолати худ, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ кӯшиш намояд, зеро маҳз ҳамин омилҳо пояҳои ҳастии миллатро ташкил медиҳанд.
Дар баробари худшиносӣ, ҳувияти миллӣ низ аҳамияти хос дорад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди бошуур ҳифз ва рушди ҳувияти миллӣ мебошад.
Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа афроде низ ҳастанд, ки аз ин арзишҳо дур мондаанд. Онҳо ба фарҳанг ва анъанаҳои худ беэътиноӣ зоҳир намуда, бештар ба туҳмату тавҳин ва ба худбохтагӣ рӯ меоранд. Дар гуфтору рафтори чунин афрод на нишоне аз ифтихори миллӣ дида мешавад ва на эҳсоси масъулият нисбат ба сарнавишти миллат. Баъзан онҳо аз дур нишаста, бо истифода аз воситаҳои иттилоотӣ, суханони беасос, бадгӯӣ ва ҳатто туҳматро нисбат ба давлату миллат паҳн мекунанд. Чунин рафтор на танҳо қобили қабул нест, балки метавонад ба обрӯ ва суботи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонад.
Воқеан, имрӯзҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ падидаҳое ба назар мерасанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мегарданд. Бархе афрод, аз ҷумла ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин, ки худ бадномзадаи миллати афғон аст, ва дигар гурӯҳчаҳое, ки садошон аз минбарҳои бегона ба гӯш мерасад, ки дар хориҷи кишвар минбар пайдо кардаанд, кӯшиш мекунанд худро ҳамчун “ҳақиқатнигор” муаррифӣ намоянд. Онҳо бо истифода аз имкониятҳои расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои носолими худро паҳн намуда, гӯё худро дар мақоми болотар аз ҷомеа ва миллат қарор медиҳанд. Аммо дар асл, чунин рафтор на нишонаи огоҳӣ ва хирад, бештар нишонаи дуршавӣ аз воқеият, худбохтагӣ ва камбуди худшиносӣ мебошад.
Чунин афрод дар гирди худ нафаронеро ҷамъ меоранд, ки худ низ аз донишу маърифати кофии ватандорӣ дур мондаанд. Онҳо аксар вақт ба ҷойи таҳлил ва андешаи солим, ба суханони эҳсосӣ ва беасос такя мекунанд. Бадтар аз ҳама он аст, ки ин гурӯҳҳо худро ҳамчун қувваи “ҳақ” муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд ба ҷомеа таассуроти нодуруст диҳанд.
Дар ҳамин раванд, яке аз падидаҳои хатарнок он аст, ки онҳо ба миллати тоҷик ва ба мардуми ватандӯст туҳмат мезананд. Онҳо кӯшиш мекунанд ҳар як амали созандаи давлат ва мардумро бо чашми манфӣ бинанд ва онро нодуруст шарҳ диҳанд. Гӯё ҳар қадаме, ки барои ободии Ватан гузошта мешавад, дар назари онҳо гуноҳ бошад. Аммо дар воқеъ, чунин андешаҳо аз рӯи ғараз ва бегонагӣ шакл мегиранд.
Мо бояд равшан дарк намоем, ки ободии Ватан ва хизмат ба миллат, ин бузургтарин шараф ва масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Агар мо ба андешаи чунин афрод такя кунем, бояд роҳи ободиро тарк карда, ба ҳолати бепарвоӣ ва вайронкорӣ бирасем, ки ин худ бар зидди манфиатҳои миллӣ равона шудааст. Аммо миллати тоҷик дар тӯли таърих собит кардааст, ки роҳи созандагиро интихоб мекунад, на роҳи харобкориро.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, миллатҳое, ки аз худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дур шудаанд, ба осонӣ зери таъсири андешаҳои бегона қарор мегиранд. Баръакс, миллате, ки ҳувияти худро ҳифз мекунад, ҳатто дар шароити сахттарин низ барои Ватан ҷонфидо аст. Аз ин рӯ, ҳар гуна кӯшиши заиф кардани худшиносии миллӣ ва паҳн кардани фикрҳои иғвоангез бояд бо хиради солим ва дарки амиқи ҷомеа посух гирад.
Дар чунин шароит, нақши ҷавонони ватандӯст ниҳоят муҳим мебошад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки онҳо ояндаи миллатанд ва масъулияти ҳифзи арзишҳои миллӣ бар дӯши онҳост. Онҳо бояд бо дониш, маърифат ва амалҳои созанда ба чунин андешаҳои носолим ҷавоб диҳанд. Ҷавонони бедордил бояд дарк намоянд, ки роҳи ҳақиқии хизмат ба Ватан на дар сухан, балки дар амал, донишомӯзӣ ва ободкорӣ мебошад.
Мо, ҳамчун фарзандони ин сарзамин, бояд бо иттиҳоду ваҳдат ба муқобили ҳар гуна бадгӯӣ ва туҳмат истодагарӣ намоем. Зеро танҳо ҷомеаи муттаҳид метавонад аз манфиатҳои миллӣ дифоъ кунад ва роҳи рушди устуворро интихоб намояд. Дар ниҳоят, бояд таъкид кард, ки миллат бо туҳмат заиф намешавад ва бо суханҳои беасос шикаст намехӯрад. Миллат бо худшиносӣ, ваҳдат ва амалҳои созанда қавӣ мегардад. Онҳое, ки аз дур бо нигоҳи яктарафа сухан мегӯянд, наметавонанд сарнавишти як халқи тамаддунсозро тағйир диҳанд. Роҳи тоҷикон равшан аст, роҳи ободкорӣ, ваҳдат ва ҳифзи ҳувияти миллӣ.
Идизода Қурбоналӣ Маъруфҷон,
котиби мақомоти васояту парастории
назди МИҲД-и н. Сангвор









