“Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосир тоҷик аст, ки барои хидмати шоёнаш ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Ӯ 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав дар оилаи усто Турсуни наҷҷор ба дунё омадааст. М.Турсунзода фарзанди замони худ буд ва эҷодиёти ӯ аз адабиёту ҳунари форсии тоҷикии даврони Шӯравӣ намояндагӣ мекард. Адабиётшиносон таъкид кардаанд, ки М.Турсунзода ба ҳайси як чеҳраи адабӣ каси одӣ набуд ва ҳаллоқияти эҷодии ӯро чун рамзи миллати овозадори тоҷик мешинохтанд ва эҳтиромоте, ки нисбаташ дар хориҷ аз кишвар доштанд, ин ба он маънӣ, ки эътирофи миллати тоҷик тавассути шахсияти ин чеҳраи ҷилодору донишманд ба ҷаҳон рафта.
Ҷоизаҳо ва эътироф
Мирзо Турсунзода дар давоми ҳаёти худ бо як қатор унвонҳои баланд сарфароз гардидааст, аз ҷумла:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967),
Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1948),
Ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлал Неҳру (1957),
Ва пас аз вафот бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон (2001).
Ин мукофотҳо гувоҳи эҳтироми баланди ҷомеа ба хизматҳои шоистаи ӯ мебошанд.
Мирзо Турсунзода шахсияти нотакроре буд, ки дар баробари офаридани асарҳои бадеии баландмазмун, дар арсаҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ нақши калидӣ бозид. Осори ӯ то имрӯз мавриди омӯзиш ва эҳтиром қарор дорад ва ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ, сулҳ ва инсонпарварӣ арзёбӣ мешавад.
Мирзо Турсунзода аз ҷониби бузургтарин донишмандон ва шахсиятҳои сиёсию давлатии ватанию хориҷӣ чун шоири тарғибгари сулҳу дӯстӣ шинохта шуда, ба фаъолияти адабию сиёсияш баҳои баланд додаандҚаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии сиёсӣ, муаррихи бузурги тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров, ки чанд муддат сарварии Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистонро дар дӯш доштанд ва худ китоби «Тоҷикон»-таърихи миллати тоҷикро навиштаанд, дар бораи М. Турсунзода мегӯянд: «Шумо (М.Турсунзода) дар ҳақиқат ҳам вориси арзанда ва қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошед...»
Қисмати муҳими эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро суруду достонҳое ташкил медиҳанд, ки шоир дар бораи кишвари афсонавии Ҳиндустон эҷод кардааст. Адиби бузурги Ҳиндустон Мулк Роҷ Опапд ба ашъори ҳиндустонии М. Турсунзода баҳои баланд дода, чунин менависад:
«Кош дар хусуси кишвари Шӯравӣ асаре нависам мисли достони шоири тоҷик Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндустон».
Ин бузургмарди таърихӣ тавассути неруи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гузинад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ суҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард.
Ӯ бо азму иродаи матин вориди саҳнаи муборизаҳо шуда, ба мардуми олам ва алалхусус Осиё, паёми сулҳу оромиро меовард ва ба онҳо хитоб менамуд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,
Дӯст медорем мо онро ба монанди Ватан.
Воқеан, агар ба эҷодиёти устод Турсунзода назар андозем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. Донишманд ва профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафармояд: “Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд”.
Бояд қайд кард, ки Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд.
Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард:
"Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем ва ба тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем".
Машҳуртарин чеҳраҳову адибону нависандагон ва олимони забардасту мутафакирони овозадор Мирзо Турсунзодаро дар китобҳои хеш васф кардаву дар саҳифаҳои таърих нақшин сохтаанд. Аз ҷумла, Расул Ғамзатов, шоири бузурги Доғистон, муаллифи китоби машҳури «Доғистони ман», дӯсти қарини М. Турсунзода менависад, ки «Мирзо муқаллид не, балки давомдиҳандаи назми ҳазорсолаи халқи худ мебошад. Ӯ ин кори душворро бо сарафрозӣ...адо мекунад.
Хулоса, шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода на танҳо дар Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ шуҳрати бузург дошт ва ӯро ба сифати шоир ва қосиди сулҳу дӯстӣ мешинохтанд.
Имрӯзу фподо низ номи баланди ин Қаҳрамони сарсупрудаи миллат ва чеҳраи барҷастаи адабиёти тоҷик дар саҳифаҳои таърих сабз боқӣ мондаву мемонад.
Дар мақолае хонда будам, ки тирамоҳи соли 1977 Мирзо Турсунзода аз олам чашм пӯшиданд. Дар атрофи тобути шоир, ки бо гулҳои зинда пӯшида шуда буд, одамон аз бисёр мамлакатҳо ҷамъ шуданд. Гиряи дӯстони шоири бузург на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Деҳлӣ, Қоҳира, Алҷазоир, Стокголм, Гавана, Бейрут ва дигар шаҳрҳо акси садо дод...
Маҳмадулло Исмонов,
раиси дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Сангвор









