- Диданд: 124
Имрӯз дар толори бошукӯҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, занону ҷавонон ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, мақому манзалати оила ҳамчун рукни муҳими ҷомеа ва омили асосии тарбияи насли солим мавриди ситоиш қарор дода шуд.
Дар оғози ҳамоиш паёми табрикии раиси ноҳияи Сангвор ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила аз ҷониби Олимзода Абдулло Назрӣ, муовини раиси ноҳия ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар паёми табрикотӣ зикр гардид, ки оила ҳамчун пояи асосии давлату ҷомеа нақши бузург дошта, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, ватандӯст ва ахлоқманд аз муҳити солими оила оғоз меёбад.
- Диданд: 106
Ноҳияи Сангвор яке аз минтақаҳои дурдасту кӯҳистонии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Табиати ин гӯшаи зебои кишвар пешгӯинашаванда аст. Ҳар баҳор бо боридани боронҳои шадид, омадани сел, ярч ва резиши сангҳо роҳҳои мошингард осеб мебинанд. Махсусан роҳи Лаби Ҷар - Сангвор -Душанбе, ки ягона василаи иртибот бо маркази ҷумҳурӣ мебошад, ҳамеша ба нигоҳубини ҷиддӣ ниёз дорад.
Сокинони ноҳия хуб дар ёд доранд, ки солҳои зиёд мушкилоти роҳ яке аз масъалаҳои асосии мардум ба ҳисоб мерафт. Дар фасли баҳор ҳаракати нақлиёт баъзан барои чанд соат ва ҳатто рӯзҳо қатъ мегардид. Мусофирон дар роҳҳо дармонда, ронандагон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешуданд. Сабаби асосӣ, хусусияти кӯҳистонии минтақа мебошад. Бо андаке борон аз баландӣ оби сел сарозер шуда, сангу лойро ба роҳҳо мерезонад.
- Диданд: 120
Аз соли 2019 бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Ҳадафи асосии роҳандозии ин озмун баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, эҳёи фарҳанги китобхонӣ, арҷгузорӣ ба осори гаронбаҳои адабӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб мебошад.
Имрӯз, 13-уми май, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ хонандагони фаъолу болаёқат аз панҷ ҷамоати ноҳия иштирок намуда, маҳорати худро дар самти мутолиаи китоб, дониши адабӣ ва ҳифзи осори адибони классику муосир нишон доданд.
- Диданд: 93
8-уми май дар ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоиши идона дар толори барҳавои Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷомеа ва сокинони касбу кори гуногун доир шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона оғоз гардида, нахуст садои Суруди миллии Тоҷикистон танинандоз гардид. Сипас, ҳозирин ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ як дақиқа сукут ихтиёр намуданд.
Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат зимни суханронӣ ҳамаи иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоату ватандӯстӣ ва фидокории мардум ба хотири ҳифзи Ватан мебошад. Ӯ иброз дошт, ки фарзандони бонангу номуси тоҷик дар солҳои ҷанг паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар халқҳо бар зидди фашизм мубориза бурда, барои таъмини сулҳу озодӣ ҷоннисориҳои зиёд кардаанд.
Саҳифаи 6 аз 45









