Дар ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ бахшида ба қабули қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» баргузор гардид
Бо мақсади арҷгузорӣ ба ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии аҳамияти таърихии қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, имрӯз майдони назди Кохи фарҳанги ноҳия чорабинии бошукӯҳи сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Сангвор Садорат Бафозода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки қабули ин қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи эътирофи нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ мебошад.
Мавсуф таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат сиёсати сулҳҷӯёна, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаро пеш гирифта, имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст. Ба гуфтаи ӯ, қабули қатъномаи навбатии СММ бори дигар собит сохт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои инсондӯстона ва созандаи Тоҷикистонро баланд арзёбӣ менамояд.
Зимни баромад инчунин таъкид гардид, ки сулҳ неъмати бебаҳо, асоси рушду пешрафти давлат ва кафили зиндагии шоистаи мардум мебошад. Ӯ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ саҳми арзандаи худро гузоранд, зеро ояндаи ҷомеа маҳз аз сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.
Бояд гуфт, ки қабули Қатъномаи мазкур, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи дипломатияи созанда эътироф гардидааст.
Қабули «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли оянда дар рӯҳияи инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сокинони ноҳия аз чунин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон ифтихор намуда, минбаъд низ барои татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои ватандӯстона ва васфи сулҳу ваҳдат пешкаши иштирокчиён гардида, шеъру таронаҳо дар ситоиши Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ фазои тантанавии чорабиниро боз ҳам рангоранг намуданд.
Қурбоналӣ Идибекзода









