Бахшида ба 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Имрӯз, вақте аз Ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама симои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Зеро маҳз бо талошҳои пайгирона, ҷасорат, хиради азалӣ ва иродаи қавии ин абармарди таърих миллати тоҷик аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, ба соҳили амну осоиш ва зиндагии шоиста расид. Роҳе, ки аз имтиҳони сангини таърих то пирӯзии сулҳу ваҳдат тай гардид, роҳи пурмашаққату тақдирсоз буд.

Соли 2026 мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ин санаи таърихӣ барои ҳар як сокини кишвар мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро дар тӯли сеюним даҳсола Тоҷикистон роҳи пурпечутоби давлатсозиро тай намуда, имрӯз ба кишвари соҳибнуфузу рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Аммо набояд фаромӯш кард,  солҳои нахустини истиқлолро, зеро, он солҳо  барои миллати тоҷик солҳои бисёр вазнин буданд.

Пас аз ба даст овардани истиқлол кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дуди ҷанг осмони Тоҷикистонро тира гардонида, ҳазорон ҳазор қурбон шуданд, садҳо  шаҳрвандон муҳоҷиру гуреза гаштанд ва иқтисодиёти мамлакат ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ шуд. Дар он рӯзҳои тақдирсоз умеди мардум ба оянда коста гардида, хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ба вуҷуд омада буд.

Дар миёни дигар минтақаҳи осебдидаи кишвар ноҳияи Сангвор низ шомил буд,  ки он солҳо бо номи Тавилдара маъруф буд. Ин минтақа яке аз марказҳои асосии даргириҳо ба ҳисоб мерафт. Сокинони ноҳия рӯзҳои бисёр вазнинро паси сар намуда, шоҳиди воқеаҳои талху фоҷиабор гардиданд. Бисёре аз оилаҳо аз ҳам пошида, мардони хона қурбону кӯдакон ятим  ва хонаҳо вайрон шуданд ва мардум муддати дароз дар шароити душвор зиндагӣ карданд.

Аммо маҳз дар ҳамин рӯзҳои сахт ниёзи миллат ба роҳбари оқилу дурандеш бештар эҳсос мегардид. Таърих ба миллати тоҷик чунин шахсияти нодирро ато намуд. Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ сулҳу суботро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор дода, тамоми нерӯ ва ҳастии худро барои наҷоти давлат ва сарҷамъ намудани миллат равона сохтанд.

Сафари таърихии Пешвои миллат ба минтақаҳои ноором, мулоқоту музокироти пайваста бо неруҳои мухталиф, талошҳои шабонарӯзӣ ва иродаи шикастнопазири сиёсӣ заминаи расидан ба сулҳи деринтизорро фароҳам оварданд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба таърихи миллат ворид гардид.

Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон танҳо анҷоми ҷанг набуд...

Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон танҳо анҷоми ҷанг набуд. Он оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлол гардид. Баъди барқарории сулҳ тамоми неруи давлат ба ободонӣ, созандагӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шуд.

Ноҳияи Сангвор низ аз самараи сулҳу ваҳдат баҳраи фаровон бардошт. Агар солҳои ҷанг ин минтақа бо даргириҳо ва нооромӣ шинохта мешуд, имрӯз ба яке аз ноҳияҳои ободу пешрафтаи кишвар табдил ёфтааст. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда, ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсилу фаъолиятро соҳиб гардидаанд.

Имрӯз ҳар нафаре, ки ба Сангвор сафар мекунад, ба хубӣ дарк менамояд, ки сулҳу субот то чӣ андоза тавонистааст,  сарнавишти мардуми ин  минтақаро тағйир додааст. Маконе, ки замоне майдонаш пурхун буду  садои тупу  тир  ва ашки модарону ятимон аз он ҷо баланд буд, имрӯз  садои кӯдакон танинандоз гардида, корҳои созандагӣ ва орзуву ормонҳои неки мардум гул кардаанд.

ВАҲДАТ БУД, КИ НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН БОЛО ГАРДИД...

Дар давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Ҳазорон километр роҳҳои байналмилалӣ сохта шуданд. Нақбҳои азими нақлиётӣ кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо карданд. Чархаҳои неругоҳи бузурги барқӣ обии Роғун  ба чархиш даромада,  истиқлоли энергетикӣ ба яке аз ҳадафҳои асосии давлат табдил ёфт. Садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ таъсис ёфта, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам шуданд.

Дар баробари пешрафти иқтисодӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва варзиш низ вусъати бесобиқа пайдо кард. Агар дар оғози истиқлол, кишвар бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буд, имрӯз ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил намуда, Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол боло рафтани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, кишвари мо ба маркази муҳими муколамаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Ҳамаи ин дастовардҳо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Агар ваҳдат намебуд, на рушди иқтисодӣ имкон дошт ва на пешрафти иҷтимоиву фарҳангӣ. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон арзиши муқаддас ва дастоварди бебаҳост.

ВАҲДАТРО БО АРЗИШИ ҶОН БОЯД ҲИФЗ КАРД...

Имрӯз вазифаи насли ҷавон аз он иборат аст, ки ин неъмати бузургро ҳифз намояд. Ҷавонон бояд аз сабақҳои таърих ибрат гирифта, нагузоранд, ки воқеаҳои талхи солҳои ҷанг дигарбора такрор шаванд. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ саҳми худро гузорад.

Дар остонаи истиқбол аз 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бо эҳсоси баланди ифтихор метавонем бигӯем, ки роҳи интихобкардаи миллат роҳи сулҳ, ваҳдат ва созандагӣ аст. Ин роҳ Тоҷикистонро ба дастовардҳои бузург расонид ва ояндаи боз ҳам дурахшонро барои наслҳои оянда таъмин хоҳад кард.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда бошад, сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ҷовидон монад ва парчами истиқлол бар фарози кишвари соҳибтамаддуни мо ҳамеша парафшон бошад.

Наҳтутӣ Алиева,
р
ӯзноманигор