Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуда, ба роҳи бунёдкорӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ қадам гузорад.

Таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳар ҷомеае, ки ваҳдати худро ҳифз намудааст, тавонистааст ба рушди устувор ноил гардад. Баръакс, ихтилоф, низоъ ва тафриқа боиси суст гардидани пояҳои давлатдорӣ ва ақибмонии ҷомеа мегардад.

Дар ҷаҳони муосир дар баробари таҳдидҳои анъанавӣ, таҳдидҳои нави иттилоотӣ низ ба вуҷуд омадаанд. Рушди босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ имконият фароҳам овардааст, ки иттилоот дар муддати кӯтоҳ ба миллионҳо нафар дастрас шавад. Дар баробари паҳн гардидани иттилооти муфид, мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва шахсони манфиатҷӯ аз ин имкониятҳо барои паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ, маълумоти таҳрифшуда ва таблиғоти иғвоангез истифода мебаранд.

Мақсади асосии чунин таблиғот ба вуҷуд овардани нобоварӣ миёни мардум, коста намудани эътимод ба давлат ва халалдор сохтани фазои орому суботи ҷомеа мебошад. Дар аксари ҳолатҳо ин гуна мавод бо истифода аз маълумоти нопурра, таҳрифи воқеият ва пешниҳоди якҷонибаи масъалаҳо омода карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд нисбат ба иттилооти дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншаванда муносибати таҳлилӣ дошта бошад ва пеш аз қабул ё паҳн кардани он дурустии маълумотро санҷад.

Таърих собит намудааст, ки яке аз омилҳои асосии сар задани низоъҳо дар ҷомеа маҳз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва таблиғоти ғаразнок мебошад. Аз ҳамин сабаб, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Шахсе, ки дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ мебошад, ба осонӣ фирефтаи ҳар гуна даъватҳои иғвоангез ва ақидаҳои тундрав намегардад.

Дар ин раванд нақши ҷавонон махсус мебошад. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бештар аз дигарон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд ва ба ҷараёнҳои гуногуни иттилоотӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳо дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии муосир бошанд. Омӯзиши таърихи миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеиятҳои ҷомеа метавонад ҷавононро аз таъсири андешаҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорад.

Ҳамзамон, оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас нақши муҳим доранд. Агар дар оила муҳити солим, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ ташаккул ёбад, ҷавонон метавонанд ба шаҳрвандони фаъол ва масъулиятшинос табдил ёбанд. Муассисаҳои таълимӣ низ бояд ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон диққати махсус диҳанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Дар гӯшаву канори кишвар иншооти муҳим бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар мешавад. Рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика ва дигар бахшҳои иқтисодӣ натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи ин дастовардҳо вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Муқовимат ба таблиғоти иғвоангез пеш аз ҳама аз ҳушёрии сиёсӣ ва фарҳанги баланди иттилоотии шаҳрвандон вобаста аст. Ҳар як нафар бояд дарк намояд, ки паҳн намудани маълумоти носанҷида ё дастгирии ақидаҳои иғвоангез метавонад ба манфиатҳои ҷомеа зарар расонад. Бинобар ин, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, такя ба манбаъҳои боэътимоди иттилоотӣ ва таҳлили воқеъбинонаи рӯйдодҳо аҳамияти калон дорад.

Дар фарҷом бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон мебошад. Маҳз ваҳдат заминаи сулҳу субот, пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардумро таъмин менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои иттилоотӣ ҳифзи ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва муқовимат ба ҳар гуна таблиғоти иғвоангез вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад. Танҳо дар сурати муттаҳидӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат метавонем дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда ҷомеаи пешрафта ва ободро мерос гузорем.

Давлатов Мизроб Абдулқодирович,
раиси ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Сангвор