22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади поси хотир ва гиромидошти шаҳидону қаҳрамонони миллат дар оромгоҳи  шахсиятҳои барҷастаи миллат маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раисони ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод, инчунин роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ ба пояи оромгоҳи шаҳидону қаҳрамонони миллат, ки хоки рамзии онҳо бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаю ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғӯши Ватан оварда шудааст, гулчанбар ва дастаҳои гул гузошта, ба хотираи неки онҳо эҳтиром ба ҷо оварданд.

Зимни баргузории маросим таъкид гардид, ки ин иқдомт навбатии Пешвои миллат рамзи арҷгузорӣ ба фарзандони содиқ ва ҷонфидои миллат мебошад, ки умри худро барои ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан, озодӣ ва бақои миллат нисор намудаанд. Корнома ва ҷоннисориҳои онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамеша ҳамчун намунаи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба миллат хизмат хоҳад кард.

Раисони ноҳияҳо ва дигар иштирокдорони чорабинӣ зимни суҳбатҳо иброз доштанд, ки хизматҳои шоистаи шаҳидону қаҳрамонони миллат барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд. Маҳз бо шарофати ҷоннисорӣ ва матонати чунин фарзандони фарзонаи миллат арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон ҳифз гардида, наслҳои имрӯзу оянда аз онҳо сабақи мардонагӣ ва ватандӯстӣ меомӯзанд.

Бояд қайд кард, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар ба масъалаи гиромидошти хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва фарзандони фидоии миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ба Ватан овардани хоки рамзии шахсиятҳои барҷаста ва шаҳидони миллат далели равшани эҳтиром ба таърих, арзишҳои миллӣ ва хизматҳои арзандаи онҳо мебошад.

Маросими гулгузорӣ дар фазои эҳтирому қадршиносӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён бо дуои хайр ва ёдоварӣ аз хизматҳои таърихии шаҳидону қаҳрамонони миллат ба рӯҳи онҳо арҷ гузоштанд.

Наҳтутӣ Алиева