Қувваи барқ яке аз муҳимтарин неъматҳоест, ки дар шароити муосир зиндагии инсонро бидуни он тасаввур кардан амри маҳол аст. Аз рӯшноӣ то гармидиҳӣ, аз саноат то муассисаҳои мухталиф,  мустақиман ба нерӯи барқ вобастагӣ доранд. Аз ин рӯ, истифодаи сарфакорона ва қонунии қувваи барқ на танҳо як амали хуб, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар як шахс мебошад.

Аммо, мутаасифона тайи солҳои охир мушоҳида мешавад,  ба ҷои он ки зумрае қувваи барқро сарфакорона истифода баранд, баръакс онро беҳуда талафот дода, ба хотири манфиати  хеш ба амали ғайриқонунӣ даст мезананд.  Ҳатто, асбобҳои барқиро баъзан хомӯш намекунанд. Гузоштани телевизор ё чароғҳо дар ҳолати фурӯзон бе зарурат, онҳоро нигарон намекунад. Бар зами ин,  истифодабарии ғайриқонунӣ, бо роҳҳои пинҳонӣ, бе ҳисобкунакҳо ё бо дасткорӣ кардани ҳисобкунакҳо, дуздии қувваи барқ, инчунин тасарруфи маблағҳои соҳа ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст.

18-уми  сентябри соли 2025 дар ноҳияи Сангвор, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, як силсила вохӯриҳо таҳти унвони “Ҳифзи дастовардҳои Истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ” баргузор гардиданд. Дар ин мулоқотҳо сокинону фаъолони ноҳия, иштирок намуданд.

Мулоқотро Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз муҳиммияти ҳифзи дастовардҳои Истиқлол дар шароити муосир ва таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ёдовар шуд.  “Имрӯз, дар марҳалаи рушди босуръати ҷомеаи мо, нигоҳ доштани дастовардҳои Истиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як фарди кишвар мебошад. Ҷаҳонишавӣ бо тамоми имконот ва мушкилоташ ба мо имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои навро омӯхта, ҳамзамон зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои фарҳангии худро эҳсос намоем.

ИН КУРС ТО КУҶО МЕТАВОНАД БАРОИ БЕҲБУДИИ  НАШРИЯҲОИ МАҲАЛЛӢ  КӮМАК РАСОНАД?

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” аз 15 то 19-уми сентябри соли 2025 курси махсуси омӯзишӣ таҳти унвони “Нашрияҳои маҳаллӣ: Роҳҳои ҷолибсозӣ ва рақобатпазирии онҳо” барои сармуҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ баргузор гардида истодааст. Ин курсро рӯзноманигори маъруф ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Зиннатулло Исмоилзода роҳбарӣ мекунад.

Мавзӯи асосии омӯзиш, баланд бардоштани сатҳи касбии сармуҳаррирон, таҳкими нақши нашрияҳои маҳаллӣ дар ҷомеа ва ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар шароити муосир мебошад.

Дар ҷараёни курс масъалаҳои муҳиме чун:

-нақши нашрияҳои маҳаллӣ дар оинаи зиндагӣ ва ташаккули афкори умум,

- мушкилоти норасоии мутахассисони баландихтисос,

- болоравии таваҷҷуҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, 

-мушкилоти паҳннамоӣ ва дастрасӣ ба хонанда,

-камфаъолиятии нашрияҳо дар муҳити рақамӣ, 

-ҳамгироии нашрияҳои чопӣ ва онлайнӣ,

мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

Инчунин, иштирокчиён дар бораи мушкилоти сохтории нашрияҳои маҳаллӣ, мисли барҳам хӯрдани шуъбаҳои соҳавӣ, паст рафтани сифати таҳлили мавод, кам шудани робитаи мустақим бо хонандагон ва синну соли баланди кормандони эҷодӣ мубоҳиса намуданд.

Зикр шуд, ки дар шароити кунунӣ тақозо ба ВАО-и анъанавӣ коҳиш меёбад, аммо барои гуруҳи муайяни ҷомеа нашрияҳои чопӣ ҳанӯз аҳамияти хос доранд. Аз ин рӯ, тавсия дода шуд, ки гибридсозии муҳтаво - мутобиқсозии нашрияҳои чопӣ ва рақамӣ, бо дарназардошти талаботи гуруҳҳои гуногуни хонандагон, бояд самти асосии рушди оянда бошад.

Инчунин Зиннатулло Исмоилзода гуфт, ки дурнамои нашрияҳоро бояд аз имруз тарҳрезӣ кард, махсусан дар шароите, ки рақобат хеле шадид ва пурзӯр аст. Ӯ таъкид намуд, ки дигар бо чанд маводи обшуста ва нигоҳҳои даргиреҳмонда  нашрияро ҷолиб кардан имконнопазир аст ва барои давом додани фаъолият ва муваффақ шудан дар ин муҳит зарур аст, ки ба навоварӣ, мазмуни фарогир ва пешниҳоди воқеан арзишманд диққати махсус дода шавад.

Наҳтутӣ Алиева, рӯзноманигор

 

Паёми табрикии муҳтарам Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор,  

бахшида ба ҷашни   34-солагии Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

  Ҳамдиёрони азиз!           

        Сиву чор сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози  тоҷик  ба дастоварди  хеле  бузург ва муқаддас – истиқлоли давлатӣ ноил гардида, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки ҳоло мо  ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва давлатдории  навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.          

       Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ тамоми мардуми ноҳияро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон саломативу сарбаландӣ, сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям.

Бо ҳукми тақдир миллати тоҷик  ба орзую ормони деринаи  худ  расид  ва имрӯз баҳри таҳким ва пойдории Истиқлол  ба корҳои ободонию созандагӣ машғул аст.