Дар доираи таҷлили Моҳвораи ҷавонон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Ҷавонон — нерӯи ояндаи миллат» бо иштироки васеи ҷавонон, фаъолон, омӯзгорон, намояндагони касбу кори гуногун ва сокинони ноҳия баргузор гардид.

Чорабинӣ бо роҳпаймоии идонаи ҷавонон оғоз ёфт. Даҳҳо нафар ҷавонони фаъол бо дар даст доштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои тараннумгари сулҳу ваҳдат, истиқлол ва ватандӯстӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия то Кохи фарҳанг роҳпаймоӣ намуданд. Ин иқдом рамзӣ бозгӯи руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ ва ҷонибдории ҷавонон аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Фазои идона ва чеҳраҳои болидаи ҷавонон ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, сокинон бо рӯҳияи баланд аз ин ҳамоиши фарҳангӣ истиқбол гирифтанд. Дар ҷараёни роҳпаймоӣ сурудҳои ватандӯстона танинандоз гардида, ҷавонон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба насли ҷавон ифтихор мекарданд.

Пас аз анҷоми роҳпаймоӣ дар Кохи фарҳанги ноҳия қисми расмии чорабинӣ баргузор гардид. Нахуст Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, ҳозирин ва тамоми ҷавонони ноҳияро ба муносибати Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик намуданд.

Зимни суханронии худ Раиси ноҳия таъкид карданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои зиндагии шоиста, таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо пайваста тадбирҳои муҳим меандешад.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз илму маориф то варзишу фарҳанг ва иқтисоду технология фаъолияти назаррас дошта, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа саҳми арзандаи худро дар рушди мамлакат мегузоранд.

Раиси ноҳия ҳамчунин изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлоли миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ояндаи кишварро ба саҳми мустақими ҷавонон вобаста медонад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, сарояндагони ҷавон ва дастаҳои ҳаваскор бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби тарбиявӣ хотири иштирокдоронро болида намуданд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ як қатор ҷавонони фаъол, ғолибони озмунҳои фаннӣ ва варзишӣ, донишҷӯёни аълохон ва намояндагони касбу ҳунар барои фаъолияти намунавӣ ва саҳми арзандаашон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, руҳияи баланди идона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, иштирокдорон аз барномаи фарҳангии омодашуда таассуроти нек бардоштанд.

Н. Алиева