Имрӯз, 17 май дар ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии варзишӣ таҳти унвони “Дави миллӣ” ва марафони “Велосипедронӣ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари ҷумҳурӣ доир мешавад.
Дар чорабинӣ зиёда аз 2 ҳазору 300 нафар иштирок намуданд, ки миёни онҳо варзишгарон, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагон, кормандону донишҷӯён фаъолона ширкат карданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи болидаи варзишӣ дави миллӣ ва марафони велосипедрониро иҷро намуда, маҳорати варзишии худро нишон доданд.
Чорабинӣ бо ҳавасмандии ҷавонон ва аҳли ҷомеа баргузор шуда, ҳар як иштирокчӣ бо як рӯҳияи хос саҳми худро дар ҳифзи саломатӣ ва тарзи ҳаёти солимро нишон дод.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон аз ҷониби Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. Ин амал намунаи қадрдонии ҳавасмандӣ ва ташвиқ ба иштирок дар варзиш ва ҳаёти солим мебошад.
Ҳамчунин, баргузории чорабиниҳои варзишӣ, ба мисли “Дави миллӣ” ва марафони велосипедронӣ, имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим рӯй оварда, ҳамзамон фарҳанги варзиширо дар байни аҳолӣ густариш диҳанд.
Туйчӣ Нурзода









