- Диданд: 184
Имрӯз ба ҳар василаву роҳу усул бархе аз нерӯҳо ва гурӯҳҳое, ки берун аз марзҳои Тоҷикистон қарор доранд, мекӯшанд бо пахши иттилооти гуногун ба афкори ҷомеа таъсир расонанд ва боиси нофаҳмиҳо гарданд. Аммо таҷрибаи таърихӣ, бахусус рӯйдодҳои солҳои 90-уми асри гузашта, нишон додааст, ки ҷанг ва низоъ танҳо ба харобӣ ва талафоти бузург меоранду ин мардум низ дигар ба он гумроҳону сагони дайдуи гадо гӯш намеандозанд, зеро хуб медонанд, ки “саг меҷакаду одам ба роҳаш меравад". Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, дар он аст, ки аз сулҳу субот ҳифз намоянд ва ба ҳар гуна даъватҳое, ки метавонанд ҷомеаро ба нооромӣ баранд, бо хирад ва масъулият муносибат кунанд.
Мо бояд дарк намоем, ки рушди устувори Тоҷикистон аз ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми қонун вобаста аст. Ҳар андешае, ки ба ихтилоф, душманӣ ва нооромӣ даъват мекунад, набояд бе таҳлил пазируфта шавад.
Дар чунин шароит, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иттилоотии ҷомеа аҳамияти махсус дорад. Ҷавонон бояд тавонанд байни иттилооти боэътимод ва носанҷида фарқ гузоранд, ба эҳсосот дода нашаванд ва ояндаи худро бо ақлу хирад бунёд намоянд.
- Диданд: 152
Санаи 21 апрели соли ҷорӣ дар толори барҳавои Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ва роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеа ва сокинони маҳаллӣ вохӯрии муҳими фаҳмондадиҳӣ бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм арзёбӣ гардид.
Дар оғози вохӯрӣ Раҷабзода Ҷаҳон Назар, мушовири адлияи дараҷаи 2- Прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба нишасти имрӯза хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки чунин мулоқотҳо дар шароити имрӯза аҳамияти махсус дошта метавонанд, барои таҳкими ҳамкории ҷомеа ва мақомоти давлатӣ мусоидат менамоянд. Ӯ таъкид кард, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани равандҳои геополитикӣ, инчунин афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва киберҷинояткорӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз таъсири ин омилҳо дар канор намонда, пайваста тадбирҳои муассирро барои таъмини амният ва суботи ҷомеа амалӣ менамояд.
Зикр гардид, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ имрӯзҳо бештар аз имкониятҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои рақамӣ истифода бурда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба доми худ мекашанд. Ин раванд боиси нигаронӣ буда, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, махсусан миёни ҷавононро тақозо менамояд. Дар ин замина таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳушёру зирак буда, аз таъсири ҳар гуна таблиғоти ифротгароёна дурӣ ҷӯяд.
- Диданд: 168
Имрӯз ҷаҳон дар як гирдоби пурталотуми ҳодисаҳое қарор дорад, ки ҳар рӯз аз чор гӯшаи он хабарҳои даргирӣ, низоъ ва нобасомониҳо ба гӯш мерасанд. Ин хабарҳо танҳо сатри нашрияву сомонаву расонаҳо нестанд, балки воқеияти талхеанд, ки дар паси онҳо сарнавишти инсонҳо, орзуҳои кӯдакону ҷавонон пинҳон аст. Бисёр ҷонхарош аст, вақте ин хабарҳо пахшу нашр мешаванд. Зеро ҳар як ҷанг пеш аз ҳама ба ҷони инсон, ба оромии оилаҳо ва ба ояндаи кӯдакон зарба мезанад.
Абарқудратҳо ва қувваҳои сиёсӣ дар талоши густариши нуфуз ва манфиатҳои худ қарор доранд, вале дар ин бозии бузург, он чизе ки фаромӯш мешавад, арзиши ҷони инсон аст. Зери ин осмони яксон, кӯдакон, ҷавонон, занон ва пиронсолон аз ҳама бештар осеб мебинанд.
Дар паи ин ҳама нооромиву низоъҳои ҷаҳонӣ, ки имрӯз аз ҳар гӯшаи олам ба гӯш мерасанд, боз як падидаи хатарнок низ рӯ ба афзоиш аст, густариши сафи гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонони нозукандеш ба доми онҳо. Ин гурӯҳҳо дар паси шиорҳои зебо ва ваъдаҳои дурӯғин пинҳон шуда, дар асл на сулҳ меоранд ва на адолат, кори онҳо танҳо вайронӣ, хунрезӣ ва фоҷиа асту бас.
Оқибаташ ин аст, ки ҷавонон дар айни сармастиву хандаву бозӣ қурбонии ана ҳамин ифротгароён мешаванд. Ва чун ғунчаҳои номурод дар айни бишкуфтан хазон мегарданд. Ё пушти панҷара умри ҷавонро сипарӣ мекунанд, ё ба ҳалокат мерасанд.
Дардноктарин паҳлӯи ин падида он аст, ки ин гурӯҳҳо ба ҳаёти инсон арзиш намедиҳанд. Имрӯз таблиғоти ифротгароён на танҳо дар муҳити воқеӣ, балки дар фазои маҷозӣ низ паҳн мегардад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба як майдони дигар барои ҷалби ҷавонон табдил ёфтаанд.
- Диданд: 144
Тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои нав фароҳам овард, ки ҳамзамон заминаи паҳн гардидани андешаҳои носолим ва ифротӣ ба вуҷуд омада. Аз ин рӯ, эҳтиёт будан аз корҳои номатлуб ва худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, ифротгаро, террористию экстремистӣ вазифаи муҳими шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Тундравӣ ва ифротгароӣ зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд, ки бар асоси таҳаммулнопазирӣ, бадбинӣ ва рад намудани арзишҳои умумибашарӣ бунёд мегарданд. Экстремизм одатан бо таблиғи андешаҳои якҷониба зуҳур намуда, дар баъзе ҳолатҳо ба амалҳои зӯроварона ва террористӣ оварда мерасонад. Терроризм бошад, шакли ниҳоят хавфноки чунин падидаҳост, ки бо истифода аз зӯроварӣ ва тарс барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ё ғаразнок амалӣ мегардад. Чуноне, ки мо медонем, имрўзњо фаъолияти созмону гурӯҳҳои ифротї боиси нооромӣ, харобӣ ва талафоти ҷонӣ гардида, обрӯ ва суботи кишварҳои гуногунро зери хатар мегузоранд.
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ҷалб гардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо мебошад. Ҷавонон, ки қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа маҳсуб меёбанд, баъзан бо сабаби норасоии маърифати ҳуқуқӣ, таъсири таблиғоти бардурӯғ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ё тарбияи дуруст мавриди фиреб қарор мегиранд. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои муосири иртиботӣ андешаҳои худро дар шакли ҷолибу фиребанда пешниҳод намуда, эҳсосоти ҷавононро ба манфиати худ истифода мебаранд. Онҳо бо ваъдаҳои бардурӯғ, тафсири нодурусти арзишҳои динӣ ё шиорҳои зоҳирфиреб кӯшиш мекунанд, ки афродро ба сафи худ ҷалб намоянд.
Саҳифаи 11 аз 47









