- Диданд: 130
Дастгоҳи раиси ноҳия
1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2168,40 сомонӣ
2.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1459,5 сомонӣ
3.Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансаби 1779,2 сомонӣ
4.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1459,5сомонӣ
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия
1.Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779,2 сомонӣ.
2.Мутахасиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1779,2 сомонӣ.
- Диданд: 132
Ё НУҚСОНҲОИ ҶОРӢ ДАР ТАРБИЯ
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳонён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад. Таъсири манфии ин зуҳуроти номалуб бахусус пеш аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои номатлуб маҳкум менамояд.
- Диданд: 142
Таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳияи Сангвор
6-уми март ба ифтихори Рӯзи Модар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Модар – сарчашмаи меҳру муҳаббат” баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ модарону бонувон, фаъолзанон, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат зимни суханронии худ модарону бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгари насли солим ва сутуни устувори ҳар як оила мебошад. Таъкид гардид, ки нақши занону модарон дар рушди ҷомеа, тарбияи фарзандони ватандӯст ва таҳкими арзишҳои миллӣ бисёр муҳим аст.
- Диданд: 131
Имрӯз, 5-уми март, дар ноҳияи Сангвор маросими қадрдонии занони фаъол баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи Рӯзи Модар бахшида шуда, дар он занони фаъолу пешқадами ноҳия барои саҳми арзандаашон дар рушди ҷомеа қадрдонӣ гардиданд.
Зимни ҳамоиш Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳия суханронӣ намуда, таъкид кард, ки занон бо тарбиятгарии хеш меъмори ҷомеа ва созандаи ояндаи миллат мебошанд. Ӯ зикр намуд, ки дар даврони истиқлол барои занон имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, занон аз маҳдудиятҳои гуногун раҳо гардида, фаъолона ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ворид шудаанд.
Саҳифаи 14 аз 47









