( 8-уми марти соли 2022 )

          Модарону хоҳарони азиз!       

         Иди фархундаю фараҳбахши  Модарон ба оғози  фасли зебои баҳор, яъне фасли зебоӣ, озодӣ ва шукуфоии табиат, ба оғози фасли умеду орзуҳои неки инсоният рост меояд. Зан ҳам монанди баҳор сарчашмаи зиндагист. Оташи меҳри зан дидаҳоро нуру дилҳоро сурур ва манзилҳоро равшанӣ мебахшад.

       Бо камоли эҳтирому самимият  ҳамаи Шумо – модарону хоҳарони азизро  ба ифтихори Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳативу болидахотирӣ, бахту иқболи нек, саодату сарбаландӣ ва барори кору баракати рӯзгорро таманно дорам.(қарсак)

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми модар то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии тоҷикон ба шумор меравад».   

Зан – модар дар ҷомеаи имрӯзаи мо мақоми арзишманд дорад. Зани тоҷик ҳам кадбонуи хона асту ҳам соҳибкор, ҳам табиб асту ҳам варзишгар, ҳам сиёсатмадор асту ҳам омӯзгор.  Ин гувоҳи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба зан ва баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад. Зани тоҷик дар ҳама давру замон ҳамқадами мардон буда, дар кулли бурду бохтҳо, муборизаҳо баҳри озодию Истиқлоли Ватан ҳамнафаси мардон буд ва мебошад.

         Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз рост омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад.

         Беҳтарин орзу ва таманниёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд, ин арзи эҳтиром ба шахсияти Зан - Модар аст.

         Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон-мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем.  Аввалин шеъри олам низ аллаи модар аст. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, панду ахлоқ ва ҳидоятгари роҳи  дурусти зиндагӣ буда, барои ҳар шахси дилогоҳ як рукни имон аст. Аз ин рӯ, дар тамоми давру замонҳо Зан-Модар офаранда, тарбиятдиҳанда ва нодиртарин гавҳари ҳастӣ буда, дар ҳаққи ӯ беҳтарин калом, шеъру суруд ва асару достонҳо эҷод шудаанд.

         Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос аст.

         Модарону хоҳарони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба мақоми зан дар ҷомеа аҳамияти хоса медиҳанд. Сарвари давлат гуфтааст: «Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки дар хонадони солим фарзандони солим ба воя мерасанд. Маърифати фарзандон, рафтору одоб ва ахлоқи ҳамида пеш аз ҳама аз оила, аз падару модар вобаста аст. Мо вақте ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳаввулоти маънавӣ расида метавонем, ки асоси ҷомеаро шахсиятҳои соҳибназар ва дорои нерӯи ақлонӣ фаро гирад. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббати беҳтар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад».

  Ҳоло занони ноҳия  барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ баробари мардон кору фаъолият менамоянд. Онҳо душвориҳои давраи гузаришро паси сар карда, аз дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ифтихор доранд.

       Мавриди зикр аст, ки  ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия         13  нафар  бонувон аз ҷониби мардум пазируфта шудаанд. Вакилони ҷамоатҳои деҳот бошанд, аз ҳисоби бонувон 18 нафарро ташкил медиҳанд.

          Дар ноҳия 205 нафар занон ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Дар беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳия  145 нафар бонувон баҳри ҳифзи саломатии мардум камари ҳиммат баста, аз ин шумора  8 нафари онҳо дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.

      Шумораи роҳбарони хочагиҳои дехқонӣ аз ҳисоби занон 82 нафарро ташкил дода,

18 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна машғуланд.

       Бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар  ноҳия зиёда аз  523 нафар занон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

            Бонувон ва хоҳарони азиз!

      Шумо, ки мураббии ҳаёт ва шоҳсутуни зиндагӣ ҳастед, бо панду насиҳат ва меҳри модарона метавонед фарзандонро бо роҳи росту дуруст ҳидоят намоед. Модарон баробари рисолати бузурги инсонӣ боз вазифаи муқаддаси тарбияи фарзанди солим, соҳибмаърифат, боодобу некахлоқ ва дорои маънавиёти баландро бар дӯш доранд.

     Шумо, модарону занон, пайвандгари наслҳову замонҳо, имрӯзу фардои ҷамъият ва ҳусни зеботарин саҳифаи китоби зиндагӣ ҳастед.  Боварии комил дорем, ки занони ноҳия барои пойдории хонадон, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, бонангу номус ва ободии диёр нерӯю ғайрати худро дареғ  намедоранд.

      Аз фурсат истифода бурда, занону духтарони ноҳияро даъват мекунам, ки пайваста маърифати шаҳрвандиву ҳуқуқии хешро боло бардошта, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.

      Бо умеди ояндаи зебо пойдории оила ва зиндагии осудаҳолонаи ҳамаи сокинони  ноҳия, Шуморо, модарону хоҳарони азиз, ки воқеан сарчашмаи тамоми фазилатҳои инсонӣ ва хуррамиҳои ҳаёт ҳастед, бори дигар бо иди фархунда – Рӯзи Модар муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, хонаободиву некрӯзӣ, саодату сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзумандам.(қарсак)     

              Идатон, муборак модарону хоҳарони  гиромиқадр!

         

      

                                              

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

         Чи тавре, ки тавассути ахбори омма огоҳ ҳастем, рӯзи 21-уми декабри соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид. Дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №АП-144 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”” зикр гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Қарори раиси ноҳия аз 31 январи соли 2022, №22 оид ба татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №АП-144 ба тасвиб расида, нақша чорабиниҳои ноҳия тасдиқ гардида зимни он бо роҳбарии раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, сардорони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва вакилон дар ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳои сераҳолӣ муҳтавои паём ба аҳоли расонида шуда истодааст. Пешвои миллат дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дар радифи таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар инчунин ба чанд масъалаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намудаанд, ки ба самтҳои фаъолияти мо низ иртиботи мустақим дорад. Аз ҷумла, таъкидҳои қатъии Сарвари давлат вобаста ба ҷалби наврасону ҷавонон ба омузиши донишҳои муосир ва пешгирӣ аз ҳар гуна хурофоту хурофотгароӣ масъулияти моро дар роҳи васеътар намудани фаъолиятҳои тарғиботӣ бо истифода аз имконоти дастрас бештар мегардонад.                                          

      Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд. Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35 - солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон қайд намуданд, ки «Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем». Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

     Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд. Соли оянда ҷиҳати идомаи татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад, ки ин ифтихори мо тоҷикон аст. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён доштанд ҳамаҷониба дастгирӣ намуда ҷиҳати иҷрои онҳо саъю кушиш менамоянд.

                                                 

 Ҳозирини гиромӣ!

      Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои дигар иди Сада таърихи чандҳазорсола дорад. Иди Сада, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Тоҷикон аз зумраи мардумони фарҳангофару тамаддунсоз мебошанд. Онҳо ва авлоди қадимашон дар баробари дигар халқиятҳои ориётабор аз қадимулайём соҳиби фарангу маданияи ғанӣ буда, тамадуни ҷаҳонӣ чун дурдонаҳои нуқрагини пурҷило дохил шудаанд. Аз зумраи ойнҳои қадима ва пурғановати онҳо чор ид ва ҷашнҳои пуршукӯҳу оммавӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргонро ном бурдан мумкин аст, ки ҳанӯз дар бомдоди фарҳанги башарӣ ташакул ёфта, аз он замон то ба имрӯз ҳаёти маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаҳои гуногуро мунавар намудаанд.

Ин иду ҷашнвораҳо дар робита бо фаслҳои сол ва бо табиат ба ҳамдигар робитаи усулӣ дошта, хусусияти даврагири доро мебошанд. Ҳар кадом дар идомаи ҳамдигар дар муддати

муайяни замон меоянд ва такмилдиҳандаи ҳамдигаранд. Дар баробари бинишои муаяни астрономи, табиатшинсӣ, ҳастишиносӣ, инсоншиносӣ ва ғайра дар онҳо ҳамчунин ҳикмати баланди фалсафӣ ва гуманистӣ низ, аз қабили тарғиби сулҳу осоиштагӣ, тозагии муҳити зист, тозагии оби ошомиданиву мусаффо, ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва ғайра ниҳон аст. Масалан, дар сарчашмаҳо омадааст, ки таърих пайдоиши иди Тиргон ба бастани шартномаи сулҳу мадоро байни Эрону Тӯрон барои пешгирӣ аз ҷанг ва қатлу куштор рӯи кор омадааст. Даъво ва азми ҷанг, ки барои тақсими замин ва муаян кардани ҳудудҳои ҳарду кишвар сар зада буд, аз тариқи муколамаву созиш ҳаллу фасл шуда, бо андохтани тири Ораши камонвар, ки то куҷо метавонад парвоз мекунад, ҳудуду сарҳади кишварҳо муайян шудаву аз ҷангу низоъ пешгирӣ шудааст. Дар ҷаҳони муосир низ, масъалаи оби тоза, истифодабарии дурусти замин ва тозагии муҳити зист ба яке аз проблемаҳои асосии минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.

Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва талаботи замони истқлол моро водор месозад, ки ба ҷаҳониён ғановати фарҳангии худро нишон диҳем.

Ҷаншни Сада аз зумраи ҷашнҳои қадимаи эрониён ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи даҳи баҳманмоҳ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегуянд. Ҷашни мазкур ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба хуршед ва оташу рӯшноӣ бунёд

ёфтааст ва боиси он гардидааст, ки одамони қадим ба ин муқадасот эътиқод пайдо кунанд ва онҳоро ситоиш намоянд. Агар хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рушнои барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос шудааст. Дар баробари он ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйу оташ намуда, дастони худро ба суйи хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш омодагӣ ва расидан ба Наврӯз аст, ки то он сад гардиши рӯзу шаб (панҷоҳ руз ва панҷоҳ шаб) ва орзуи омадани соли пурбаракате барои кишту кор буд.

                                 

  Ҳамасола дар атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум суҳбату вохўриҳо гузаронида мешавад. Имсол низ баъди ироаи Паёми навбатии Президенти кишвар намояндагони Ҳукумати  Ҷумњурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда муҳтавои паёмро ба мардум гӯшрас намуда, ҳадафҳои созандаи онро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла рӯзи 13 –уми янаври соли 2022 дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Рашт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Мамадтоир Зоҳир ба ноҳияи мо ташриф оварда, бо мардум-интихобкунандагон суҳбати озоду ошкоро гузарониданд. Ин вохӯрӣ дар Қасри фарҳанг бо иштироки зиёда аз 500 нафар сокинони ноҳия - қишри гуногуни ҷомеа ва аҳли зиё, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқук, сардорони ташкилоту муассисаҳо ва дигар қишри ҷомеа дар як муҳити созгор гузаронида шуд.

Баъди кушодашавии вохӯрӣ сараввал муовини раиси ноҳия Сатторбекзода Умеда Сатторбек баромад намуда, доир ба таҳлилу баррасии нуқтаҳои Паём сухан ронда, баҳри таҳлилу баррасии Паёми навбатӣ суханро ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Мамадтоир Зоҳир дод.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Мамадтоир Зоҳир баромад намуда, оиди самтҳои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми суҳбати озоду самимӣ намуд.

Баъди ба анҷом расидани суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , чанд тан аз зиёиёни ноҳия баромад намуда, фикру андеша ва дархостҳои худро пешкаши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Мамадтоир Зоҳир намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои сулҳу суббот ва тақдиру ояндабинии кишвар ба анҷом расид.