- Диданд: 505
22 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гуруҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.
Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази муосир ва навбунёди тиҷоратию хизматрасонии “Мираюб”, ки аз ҷониби сокини ватандӯсти ноҳияи Рашт Мираюб Шокиров бунёд шудааст, баргузор гашт.
Ин навбат 60 нафар кудаки ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод ба суҳбату дидори падари ғамхорашон мушарраф гардидаву аз дасти Сарвари хирадпеша ва раъиятпарвар туҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ, гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни вохурӣ, кудакони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолиро, ки бо амри тақдир аз меҳру навозиши падару модар маҳрум гаштаву, зери ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд, бо ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва саодати зиндагиро орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии иҷтимоии Ҳукумати мамлакат суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки тарбияи инсони комил ва аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, бахусус кудаконе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамаи ятимони ҷумҳурӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошта, ҳанӯз аз овони хурдӣ то ба камол расондани онҳо, аз тарафи Сарвари давлат тамоми тадбирҳои нек андешида мешавад.
Баъд аз суханронӣ ва тақдими туҳфаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари дастархони пурнозу неъмат, ки ба хотири кудакони даврони соҳибистиқлолӣ ороста шуда буд, бо онҳо суҳбати самимӣ доир карданд.
Ятимон аз ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбия, соҳибмаълумоту соҳибкасб карданашон, изҳори сипос намуданд.
Дастгирии ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ва бесарпараст, ки аз ҷониби Пешвои миллат сурат мегирад, аз ҷониби аҳли ҷомеа, бахусус шахсони ватандӯст ва соҳибкорони саховатпеша ҳамаҷониба пуштибонӣ меёбад.
Натиҷаи ҳамин аст, ки соҳибкорон дар баробари расондани кумакҳои моддӣ, инчунин дар самти бунёду обод кардани як гушаи диёр, соҳиби шуғл кардани мардум, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст, ташаббусҳои арзанда мекунанд.
Оилаи Мираюб Шокиров бо ҷонибдории амиқ аз сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободу шукуфон намудани сарзамини аҷдодӣ як маркази муосири хизматрасонӣ бунёд карда, 20 сокини ноҳияро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуданд.
Чунин корҳои ободонӣ дар саросари кишвар аз ҷониби шахсони ватандӯст дар соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ сисолагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба анҷом расида, садҳо иншооти таъиноти гуногун ва ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд.
- Диданд: 558
20-сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд.
Кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор барои 100 нафар дӯстрӯяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд карда мешавад.
Фармоишгари муассисаи нави томактабӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи иншооти зебо аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи бунёди Муассисаи томактабии «Калидчаи Заррин» дар ҳамин ҷо бо имконоти фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» дар ноҳияи Сангвор шинос гардиданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» аз корхонаҳои пешқадами саноатӣ дар мамлакат буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми намоён дорад.
Корхона дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолияташро сол аз сол тавсеа бахшида, бо ворид ва васлу насби хатҳои нави технологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати истифодаи пурраи имконоту иқтидорҳои мавҷуда аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корхона технологияҳои насли нав ворид карда шудааст.
Дар корхона наздики 400 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
- Диданд: 680
Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардидаанд, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилон, фаъолон ва аҳолии ноҳия мавриди татбиқ қарор дода истодаанд.Ҷиҳати иҷрои бандҳои паём Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гашта бо қарори раиси ноҳия аз 19 феврали соли 2021 бо №57 тасдиқ карда шуда, мунтазам дар ин самт кор бурда мешавад.
Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оид ба ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад. Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад.
Дар шаш моҳи соли 2021 ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, ба афсарону аскарони қисми низомии дар ҳудуди ноҳия буда, оилаҳои шахсони дар барқароркунии сохти констутитсионї ҳалокшуда, иштирокчиёни ҶБВ, модарони собиқадор, оилаҳое, ки фарзандонашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда шуданд, ба маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соњибкорон маводҳои ѓизої ва кумакҳои молиявӣ расонида шудаааст. Ғайр аз ин дар ҷашни “Рӯзи Модар” беш аз 100 нафар занону бонувони коргар, занони фаъол, модарони наваскарон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар арафаи иди Наврӯз ба ду нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ниёзмандон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводи ғизоӣ кумак расонида шуд. Дар доираи имконоти мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия роҳандозӣ гардида истодааст. Дар байни аҳолии ноҳия мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, созандагию ободкорӣ ба сомон расонида шуда истодааст.
Дар моҳномаи ноҳиявии «Мавҷи Хингоб» доир ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, ифтихор аз Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ҳисси ватандорӣ мунтазам маводҳо ба табъ мерасанд. Доир ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, тозаю озода намудани хонаю ҳавлии сокинон бо ҷалби фаъолону масъулин корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони ноҳия пурзўр карда мешаванд.
Сокинони ноҳияи Сангвор фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти кишвар, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулнамудаи соҳавию минтакавӣ равона менамоянд.
Иҷрои андозҳо ва буҷети ноҳия
Қисми даромади буҷети ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 ба ҷои 3 миллиону 95 ҳазору 160 сомонии дар нақша пешбинишуда 7 миллиону 526 ҳазору 622 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 243 дарсади нақша баробар мебошад.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 3 миллиону 95 ҳазору 160 сомонӣ, ки иҷрои он ба 7 миллиону 420 њазору 41 сомонӣ, ё ин ки 240 дарсад иҷро шудааст. Маблағҳои ворид кардашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4 миллиону 2 ҳазору 395 сомонӣ зиёд мебошанд.
Қисми хароҷоти буҷет дар шаш моҳи соли 2021 ба ҷои 13 миллиону 495 ҳазору 399 сомонии дар нақша пешбинишуда 11 миллиону 836 ҳазору 488 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 87,7 дарсади қисми хароҷот баробар аст.
Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 июни соли 2020 621 ҳазору 959 сомониро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 161 ҳазору 803 сомонї бақияпулӣ кам гардидааст. Нозироти андози ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 аз нақшаи умумии андозҳо нақшаи Андоз аз соњибони воситаҳои нақлиётро иҷро карда натавонистааст, ки ба андозаи 82 % баробар гардидааст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар шаш моҳи соли 2021 тариқи “Равзанаи ягона” дар ҳудуди ноҳия 122 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 16 адад зиёд гардидааст.
Аз ҳисоби 33 соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, ба буҷети ноҳия 80,1 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 110 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд 68 нафар буда, дар ин муддат 45,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид намудаанд.
Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бошад дар шаш моҳи соли ҷорӣ 11 521 ҳазор сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеї, 107 692 ҳазор сомонӣ андози соддакардашуда ва 50 699 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба буҷет ворид гардид. Ҷамъ аз ҳама намуди андозҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пардохт гардидаанд, 295 037 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
Бонк
Филиали №21 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳия ба 107 корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизматрасонӣ мекунад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 5 ҳазору 54 нафар расидааст. Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар шашмохаи якуми соли 2021 тариқи бонки мазкур 996,5 ҳазор доллари ИМА ё баробар ба 11 миллиону 280 хазору 866 сомони ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 145,1 ҳазор доллар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботї ба аҳолї 2 миллиону 107 ҳазору 499 сомонї қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 653 ҳазору 343 сомонӣ бештар аст.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия дар шаш моҳи соли 2021 ба 67,2 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 20,8 миллион сомонї зиёд мебошад, ки суръати афзоиши воқеии солонаи он ба ҳисоби миёна 31 фоизро ташкил намудааст. Ин нишондиҳандаҳо ба соҳаи кишоварзӣ 7,6 миллион сомонӣ, ба соҳаи савдо 20,2 миллион сомонӣ, ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ 4,2 миллион сомонӣ ва ба соҳаи саноат 35,2 миллион сомонӣ рост омада, ба ҳар сари аҳолии ноҳия 2 760 сомонӣ баробар гардидааст.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,4%, маҳсулоти саноатӣ 57,6%, ҳаҷми гардиши савдои чакана 24,2% ва хизматрасони пулакӣ ба аҳолӣ 14,2% дар қиёс ба нимсолаи соли 2020 афзоиш ёфтаанд.
Аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 июни соли 2020 24,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия ба ҳар сари аҳолӣ:
- дар соҳаи кишоварзӣ 312 сомонӣ;
- дар соњаи саноат 1446 сомонї;
- соҳаи савдо 830 сомонӣ
- хизматрасонии пулакӣ 172 сомонӣ рост меояд.
Соҳаи кишоварзӣ
Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд.
Кишоварзон имсол тибқи нақшаи дурнамо дар майдони 1540 га ғалладона, 1117 га картошка, 214 га сабзавот, 50,5 га зағир, 4 га полезӣ, 52 га хўроки чорво гузаронида, 19 га боғи нав бунёд намуданд.
Кишти зироатҳо соли равон дар муқоиса ба соли 2020 ғалладона 2 га, сабзавот 3 га ва зағир 2,5 га, хўроки чорво 39 га зиёд кишт карда шудааст.
Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 7,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 598 њазору 600 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 318 тонна гӯшт, 680 тонна шир ва 427 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 24 тонна гўшт, 55 тонна шир зиёд мебошад.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ
Дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, онҳо ба дарозии 46,2 км ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар нимсолаи якуми соли 2021 идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барои бо оби полезӣ таъмин намудани 850 га замин шартнома ба имзо расонидааст, ки он 100 фоизи нақшаро дар бар гирифта, ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2020 100 га зиёд мебошад. Дар шаш моҳи сипаригашта барои истифодаи оби полезӣ аз ҳисоби истифодабарандагон 19390 сомонӣ пешпардохт гардидааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2 790 сомонї зиёд мебошад.
Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ
Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳия дар шашмоҳаи соли 2021 баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” як қатор чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ, табобатӣ, нозирӣ ва хизматрасонии байториро гузаронидааст.
Дар ҳудуди ноҳия 31,0 ҳазор сар чорвои калони шохдор, 72,3 ҳазор сар чорвои хурд, 626 сар асп, 45,1 ҳазор сар паранда ва 14,4 ҳазор оилаи занбўри асал парвариш меёбанд.
Дар шаш моҳи соли 2021 барои вайрон намудани қоидаҳои байторӣ-беҳдоштӣ аз тарафи кормандони маркази таъминоти бехатарии озуќавории ноҳия ба шахсони инфиродӣ 7 адад ҷарима ба маблаѓи 960 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Кормандони ин соҳа аз ҳисоби хизматрасонии пулакии байторӣ ва карантини растанї дар давраи ҳисоботӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон 11 ҳазору 500 сомонӣ ворид намуданд.
Дар шаш моҳи соли љорї аз тарафи кормандони муассисаи мазкур як қатор чорабиниҳои пешгирии зидди касалиҳои сироятии чорво, аз ҷумла касалии сўхтанӣ: чорвои калони шохдор-2138 сар, чорвои хурд-1894 сар, вабои сумдард: чорвои калони шохдор-2672 сар, чорвои хурд-2612 сар ва дигар намуди касалиҳои сироятӣ эмгузаронӣ карда шудааст.
Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” 16 нафар соҳибкорони инфиродиро мувофиқи муроҷиаташон аз аттестатсияи байторӣ-санитарии шароити истеҳсолӣ гузаронида, аз ин ҳисоб ба маблағи 2880 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид намудааст.
Заминсозӣ
Кумитаи идораи замини ноҳия бо мақсади пурраю оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Ноҳияи Сангвор дорои 597 384 ҳазор гектар замин мебошад, ки аз ин: 2278 га корам, (1753га обӣ, 525 га лалмӣ) 424 га боғ, 96 га алафзор, 42 га заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, 170824 га чарогоҳ, 1 ҳазору 522 га заминҳои наздиҳавлигӣ, 19738 га ҷангалу бешазор, 4 га ботлоқҳо ва буттазор, 6702 га заминҳои зери об, 419 га роҳҳои чорвогузар, 187 га зери иморатҳо ва 395148 га дигар заминҳоро ташкил медиҳанд. Вобаста ба қонун вайронкуниҳои соҳаи замин аз ҷониби прокуротураи ноҳия дар давраи шаш моҳи соли равон 1 пешниҳоди прокуротура ба мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳия ворид шудааст.
Дар шаш моҳи соли 2021 аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳия 18 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 10 дастур ба шањрвандон дода шудааст, ба 3 нафар барои надоштани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин, ба 2 нафар шаҳрвандон барои напардохтани андози замин ба 1 нафар барои шурӯъ накардан барои сохтмон дар давоми се сол ва 1 нафар барои худсарона ғасб намудани қитъаҳои замин, 1 нафар барои иљро накардани дастур қарори ҷаримабандӣ татбиқ гардидааст, ки маблағи умумии ҷарима 2 760 сомониро ташкил дода, 1860 сомонии он ба суратҳисоби махсуси идораи замин ворид карда шудааст.
Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаш моҳаи соли 2021, 122 адад парвандаи заминсозӣ барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати тайёр кардааст. Ин муассиса 118 адад, шањодатномаи наздиҳавлигӣ, 8 адад ташкили хоҷагии деҳқонӣ, 4 адад ивази шаҳодатнома, 11 адад соҳибҳуқуқи, 2 адад дигар сохтмонњо, 11 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ ва 4 адад иқтибос ба шаҳрвандон дастрас намудааст.
- Диданд: 514
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳар сол 27-уми июн дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. 24 сол қабл аз ин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки миллатамонро аз вартаи парокандагӣ, Ватанамонро аз хатари нобудӣ раҳо дода, дар таърихи мо тоҷикон санади тақдирсоз гардид. Тамоми мардуми ноҳия ва ҳамаи Шумо ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни 24 солагии Ваҳдати миллӣ, самимона табрик мегӯям.
Ҳаёт нишон дод, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Дар баробари ба даст овардани Сулҳ кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи бештар пайдо намуда, ҳамчун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофар эътироф гардид.
Иди Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди равшандилу солимфикри Тоҷикистон мебошад, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад».
Агар ҳамин рӯзи саид намебуд, шояд номи миллати кӯҳанбунёди тоҷик аз саҳифаи таърих бурда мешуд. Хушбахтона, Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои худро дар роҳи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ гузошт ва ин боиси хушнудиву сарбаландист, ки аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон тамоми давлатҳо истифода мебаранд.
Саҳифаи 18 аз 32