- Диданд: 796
Айни ҳол маъракаи мавсими баҳории сафарбаркунии чавонон дар тамоми қаламрави кишвар рафта истодааст. Тибқи фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои Муссаллаҳи Тоҷикистон сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 марти соли 2021 таҳти №141 баҳри ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муташшаккилона оғоз гардидааст.
Сафарбаркунии ҷавонон дар ноҳияи мо низ аз якуми апрели соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар ин маърака саҳми раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ, муовини раис Қурбонзода Темур – раиси комиссияи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот, мақомотҳои қудратии ноҳия,комиссари комиссариати ҳарбӣ Ќурбонзода Фаррух, сарварони ташкилоту муассиса ва падару модарон бениҳоят баланд аст.
Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳия дар марҳилаи аввали сафарбаркунии ҷавонон ба хидмати Модар – Ватан, яъне 1-уми апрел - «Рӯзи даъватшаванда» сад дар сад иҷро гардид. Аз ҷумла 24 нафар ҷавонони ватандӯст ва чолоку ҷасур ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар карда шуданд.
- Диданд: 627
Тибқи нақшаи кории Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон семинари машваратӣ дар мавзўи « Пешгирии раванд ва ҳолатҳои номатлуб дар миёни наврасону ҷавонон ва занону бонувон» бояд дар моҳи апрел байни сокинони минтақаи Рашт гузаронида мешуд.
Ҳамин тариқ ин семинар машварат, ки тибқи нақша дар минтақаи Рашт гузаронида мешуд, дар навбати худ дар ноҳияи сангвор рўзи 8-уми апрели соли ҷорӣ сурат гирифт. Дар ин семинар - машварат намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусамадзода- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизулло Мирзозода – муовини раиси Кумитаи дин, танзим ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Заррина Абдулмаинзода – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сокинони ноҳия аз ин семинар - машварат як ҷаҳон маънӣ гирифтанд, ки ҳар як нуқтаи судманди онро сармашқи кори ҳаррўзаи хеш хоҳанд намуд.
- Диданд: 666
Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2020 таҳти № АП-1332 ҷиҳати иҷрои бандҳои 20 ва 22-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва фармоиши Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 8.02.2021 тањти № 7 баҳри тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии
ниёгонамон ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти тарғиби либосҳои миллӣ ва ҳунари дўзандагӣ,аз ҷумла чакандўзию попур ва сузаниҳои занону духтарон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар февтивали“Сад ранги чакан” ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла даври ноҳиявии ин фестивал дар ноҳияи мо бо ташаббуси мудири бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Донаева Малоҳат дар таърихи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар байни бонувони ҳунарманд гузаронида шуд, ки иштирокчиён аз рўйи 6 бахш ҳунару истеъдоди хешро ба маърази тамошо ва ҳайати ҳакамон гузоштанд. Дар натиҷа ғолибон муайян гашта, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
- Баргузории ингуна фестивалњо имконият медињад, ки паҳлуҳои то ҳанўз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандўзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдўзӣ, сўзандўзӣ, тоқидўзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди баҳрабардории умум қарор гирад, - ибрози андеша намуд муовини раиси ноҳия Сатторбекзода Умеда Сатторбек.
- Диданд: 640
Бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла баҳри ободонию пешрафти ноҳия ҳар ҳафта ҳашару шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ низ босуръат рафта истодаанд.
Соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкор Наҷмиддинов Назрӣ баҳри дар як сатҳи хуб пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ сохтмони ҳавзи моҳӣ ва бунёди боғ дар маркази ноҳия иқдом гирифта шуд, ки корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар ин иншоотҳо дар як сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо баҳри тезонидани кор, аз љумла дар самти кишоварзӣ, яъне бунёди боғ ба соҳибкор тариқи ҳашар ва гузаронидани шанбегиҳо кумак расонида шуд.
- Ноҳия, ки ноҳияи аграрӣ мансуб мешавад, баҳри картошкапарварӣ чорводорӣ, бунёди боғ, парвариши моҳӣ ва соҳаи занбўрпарварӣ мувофиқу мусоид аст. Аз ин рў иқдом гирифтаам, ки дар маркази ноҳия як боғ ба миқдори 150 ниҳол ва як ҳавзи моҳипарварӣ ташкил ва бунёд намоям, то ин ки дар оянда сокинони ноҳияро бо ингуна маҳсулотҳо ва ҷойи кор таъмин намоям, - иброз намуд хангоми суҳбат соҳибкор Назрӣ Наҷмиддинов.
Саҳифаи 21 аз 33