- Диданд: 670
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» ироа гардидаанд, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилон, фаъолон ва аҳолии ноҳия мавриди татбиқ қарор додаанд. Бо мақсади татбиқи паём Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гашта, он бо қарори раиси ноҳия аз 19 феврали соли 2021, №57 тасдиқ шудааст. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкулоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои паём тадбирҳои мушаххас анҷом дода шуда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришњои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия роҳандозӣ гардидааст. Дар ноҳия ҷашнҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ таҷлил гардиданд, ки дар арафаи ин ҷашнҳо ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, ба афсарону аскарони қисми ҳарбии ҳудуди ноҳия оилаҳои шахсони дар барқароркунии сохти конститутсинонӣ ҳалок гардида, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, модарони собиқадор, оилаҳои наваскарони ихтиёрӣ ба маблағи зиёда аз 43000 сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон маводҳои ғизоӣ ва кумакҳои молиявӣ расонида шуд. Сатҳи худшиносиву ватандустии ҷавонон дар ноҳия рӯ ба рушд ниҳодааст ва бинобар ин дар як рӯз 1 апрели соли равон иҷрои бо сифат ва пеш аз муњлат наќшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Ќувваҳои мусалаҳ таъмин гардид. Дар ҳафтаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3630 нусхаи китоби қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи ноҳия тақдим карда шуд.
Иҷрои андозҳо ва буҷети ноҳия
Қисми даромади буҷети ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба ҷои 1 миллиону 351 ҳазору 293 сомонии дар нақша пешбинишуда 3 миллиону 79 ҳазору 569 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 227,9 дарсади нақша баробар мебошад. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 2 миллиону 657 ҳазору 690 сомониро ташкил намуд, ки иҷрои он ба 4 миллиону 651 ҳазору 887 сомонӣ таъмин гардид, ё ин ки 175 дарсад ва сифатан иҷро шудааст. Маблағҳои ворид кардашуда дар қиёс ба соли 2020 1 миллиону 853 ҳазору 767 сомонӣ зиёд мебошанд. Қисми хароҷоти буҷет дар семоҳаи якуми 2021 ба ҷои 6 миллиону 144 ҳазору 82 сомонии дар нақша пешбинишуда 5 миллиону 266 ҳазору 601 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 85,7 дарсади қисми хароҷоти буҷет баробар аст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар семоҳаи якуми 2021 тариқи “Равзанаи ягона” дар ҳудуди ноҳия 118 субъекти соҳибкори инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020, 43 адад зиёд гардидааст. Аз ҳисоби 32 соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, ба буҷети ноҳия 532 ҳазору 56 сомонӣ ворид гардид, ки 118 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд 65 нафар буда, дар ин муддат 24 ҳазору 815 сомонӣ ба буҷет ворид намудаанд. Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бошад, соли 2021 8 ҳазору 630 сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ, 49 ҳазору 95 сомонӣ андози соддакардашуда ва 21 ҳазору 575 сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба буҷет ворид гардид. Ҷамъ аз ҳама намуди андозҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пардохт гардидаанд, 79 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳанд.
Бонк
Филиали №21 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳия ба 105 корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизматрасонӣ мекунад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 4 ҳазору 964 нафар расидааст. Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 тариқи бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор 409 ҳазору 241 доллари ИМА ё баробар ба 4 миллиону 632 ҳзору 608 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 87 ҳазору 369 доллар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” ва фонди қарзии хурди “Ќуллаи Умед” 763 ҳазор сомонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сохтмон қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 190,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бонк Филиали №21 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳия ба 105 корхонаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизматрасонӣ мекунад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 4 ҳазору 964 нафар расидааст. Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 тариқи бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор 409 ҳазору 241 доллари ИМА ё баробар ба 4 миллиону 632 ҳзору 608 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 87 ҳазору 369 доллар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” ва фонди қарзии хурди “Ќуллаи Умед” 763 ҳазор сомонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соӣибкорӣ ва сохтмон қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 190,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи саноат
Дар ҳудуди ноҳияи Сангвор 4 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 1 корхона ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ, 1 корхона ба истеҳсоли хишти сементӣ ва 2 корхона ба истихроҷ ва истеҳсоли канданиҳои зеризаминӣ машғул мебошанд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия 349 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 133 нафар ба кори мавсимӣ ва 216 нафар ба кори доимӣ машғул буда, музди маоши миёнаи кормандон дар як моҳ ба 2 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Маҷмўи маҳсулоти саноатӣ бошад, дар семоҳаи якуми соли 2021 6 милион 995 ҳарору 300 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 18,9 баробар зиёд мебошад. Соҳаи саноат Дар ҳудуди ноҳияи Сангвор 4 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 1 корхона ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ, 1 корхона ба истеҳсоли хишти сементӣ ва 2 корхона ба истихроҷ ва истеҳсоли канданиҳои зеризаминӣ машғул мебошанд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия 349 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 133 нафар ба кори мавсимӣ ва 216 нафар ба кори доимӣ машғул буда, музди маоши миёнаи кормандон дар як моҳ ба 2 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Маҷмўи маҳсулоти саноатӣ бошад, дар семоҳаи якуми соли 2021 6 милион 995 ҳарору 300 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 18,9 баробар зиёд мебошад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 26,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 6,3 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 11,5 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 2,1 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 6,9 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост омада, ба ҳар сари аҳолии ноҳия 1,1 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.
Аҳолии ноҳия дар соли 2021 24340 нафарро ташкил медиҳад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳия ба ҳар сари аҳолӣ:
- дар соҳаи кишоварзӣ 260 сомонӣ;
- соҳаи савдо 473 сомонӣ;
- хизматрасонии пулакӣ 88 сомонӣ рост меояд.
Соҳаи кишоварзӣ
Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Кишоварзони ноҳия тирамоҳи соли 2020 барои ҳосили соли 2021 дар майдони 1076 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронидаанд, ки сад фисади нақшаи кишти тирамоҳиро ташкил медиҳад. Тибқи нақшаи дурнамо соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия бояд дар майдони 1540 га ғалладонагӣ, 890 га картошка, 214 га сабзавот, 4 га полезӣ, 50 га зағир ва 52 га хўроки чорво кишт гузаронида шавад. Ба ҳолати 13 апрели соли ҷорӣ мувофиқи маълумоти фаврии шуъбаи кишоварзии ноҳия кишти ғалладонагиҳо 75%, картошка 8%, сабзавот 14%, заѓир 70% ва хўроки чорво 58 % иҷро гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки шуъбаи кишоварзии ноҳия соли ҷорӣ 3 тонна тухмии хушсифати гандум ва 50 тонна тухмии навъи элитаро ба ноҳия ворид намудааст. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 6 миллиону 318 њазору 700 сомонї баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 632 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 261 тонна гӯшт, 562 тонна шир ва 353 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 23 тонна гўшт, 45 тонна шир ва 24 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.
- Диданд: 739
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри дар сатхи баланди сиёсиву фарҳанги гузаронидани Иди байналмилалии Наврӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонда, дастраси идораву муассисаҳои ноҳия гардонида шуданд. Доир ба гузаронидани Иди байналмилалии Наврӯз баргузории барномаи фарҳанги, ҷобаҷогузории ҳунарҳои мардуми ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимои таҳия гардиданд. мо ифтихор мекунем, ки миллати тоҷик ба ин неъмати хеле бебаҳо – тинҷию осудаҳолиро арҷ мегузорад ва бо шодиву нишот ба истиқболи он ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, Наврӯзи ҷаҳониро бо тамоми ойину суннатҳои таърихи деринаш таҷлил менамоянд. Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта,инчунин мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо,дастгирии якдигар, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва баҳри ҳар иқдоми нек замина мегузорад.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободони ва созандаги, аз ҷумла кабудизоркуниву тозагии маҳал дар ҷамоатхои деҳот рузҳои шанбе ҳашари умуми эълон карда шудааст.Бовари ва эътимод бар он аст,ки мардуми шарифи ноҳия чашну маъракаҳои наврузиро ба шевае барпо хоҳанд намуд, ки он омили сарчамъи, вахдату якдилии сокинони ноҳия мегардад. Ҷашни Наврӯз фарозҳои таърихи, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳо ва чорабинихо, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ вобаста ҷаҳони шудани Наврӯзи оламафрӯз қайд доштанд, ки “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисозӣ онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фархангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд”.
Мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, бузургтарин ва машҳуртарин ҷашни миллии тоҷикон буда, онро дар арафаи омад – омади фасли баҳор, бедории табиату шукуфоии дашту даман истиқбол менамудаанд. Наврӯз дар гирдбоду талотуми таърих ҳастиву мавҷудияташро нигоҳ дошта, бо тамоми рамзу анъана, расму ойинҳояш ба имрӯзиён расидааст. Ин ҷашн ҷашни мардумӣ буда, як рукни ҷудонопазири фарҳангу арзишҳои миллии мо дониста мешавад ва ҷаҳонбинию одамшиносии халқи моро инъикос мекунад.Мо бо шукрона аз амнияту оромӣ дар кишвар, аз осудагию некаҳволии мардуми тоҷик беш аз 30 сол боз Наврӯзи муборакқадамро таҷлил намуда, сараввал тамоми саъю кӯшиш ва тавону донишамонро барои тақвияти сулҳу субот дар мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ равона месозем, чунки ҳеҷ гуна ҷашн бе фазои ором ягон шукӯҳу ҷалоле надорад.
- Диданд: 724
21-уми феврал дар қисми низомии 02011В-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор буда, бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор чорабинии фарҳанги, хуроки идона ба афсарону аскарони шуҷоъ туҳфаҳо тақдим карда шуд.
- Диданд: 702
Фестивали Ҷумҳурии “ ЧАКОМАИ ГЕСУ ” Тибки Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардуми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019-2021 Фестивали Ҷумҳуриявии “чакомаи гесу” дар ноҳияи Сангвор баргузор гардид. даври аввали фестивал моҳи январ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор гардида, бо амри раиси ноҳия даври ноҳиявӣ Фестивали Ҷумҳуриявии “чакомаи гесу” 18-уми феврал бо иштироки ҷавондухтарони муассисаҳои таълими ноҳия, бонувони соҳаи тандурустӣ ва бонувони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Иштирокчиёни ин фестивал бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардида шудаанд.
Саҳифаи 22 аз 33