Таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳияи Сангвор
6-уми март ба ифтихори Рӯзи Модар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Модар – сарчашмаи меҳру муҳаббат” баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ модарону бонувон, фаъолзанон, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат зимни суханронии худ модарону бонувонро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта, зикр намуд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгари насли солим ва сутуни устувори ҳар як оила мебошад. Таъкид гардид, ки нақши занону модарон дар рушди ҷомеа, тарбияи фарзандони ватандӯст ва таҳкими арзишҳои миллӣ бисёр муҳим аст.
Дар идомаи чорабинӣ баҳри болидаруҳии ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ҷавони бахши фарҳанги ноҳия баргузор гардида, суруду таронаҳои дилнишин дар васфи зан–модар пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Ҳамзамон ба як қатор бонувону модарони фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳаёти иҷтимоии ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор тақдим карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои гарму идона баргузор гардида, ба иштирокчиён руҳу илҳоми тоза бахшид.
Н. Алиева









