Имрӯз вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон торафт мураккаб ва пуртаниш мегардад. Дар гӯшаҳои гуногуни сайёра низоъҳои сиёсӣ, бархӯрдҳои иттилоотӣ, рақобатҳои геополитикӣ ва ҷангҳои иқтисодӣ идома доранд. Қудратҳои бузург барои ҳифзи манфиатҳои стратегии худ аз василаҳои гуногун истифода мебаранд. Фишори сиёсӣ, таҳримҳои иқтисодӣ, таблиғоти густурда ва таъсиррасонӣ ба афкори омма. Дар чунин шароити ҳассос, кишварҳои хурд ва ҷомеаҳои осебпазир бештар зери таъсир қарор мегиранд.

Яке аз абзорҳои асосии муборизаи муосир ҷанги иттилоотист. Имрӯз дигар танҳо бо силоҳу техника давлатҳоро тасхир намекунанд, балки бо сухан, таҳлил, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғоти ҳадафнок ба зеҳну шуури мардум таъсир мерасонанд. Аввал фазои нобоварӣ ба вуҷуд оварда мешавад, баъдан дар ҷомеа тухми шубҳа кошта мешавад ва дар ниҳоят ихтилофи дохилӣ тақвият меёбад. Ин раванд метавонад ҷомеаро аз дарун заиф гардонад.

Баъзе афрод барои ҷалби таваҷҷуҳ, барои манфиатҳои шахсӣ ё барои амалӣ сохтани ҳадафҳои гурӯҳӣ аз минбарҳои иттилоотӣ истифода бурда, фазои ҷомеаро ноором месозанд.

Дар миёни чунин афрод  Муҳаммадиқболи Садриддин , ки дар фазои иттилоотӣ бо изҳороту баромадҳои баҳсбарангез ва рӯи минбари харидашуда, по рӯйи виҷдон гузошта баромад мекунад. Чунин баромадҳо  хусусияти ҳангомасозиву низоъандозӣ дошта, ин зумра мехоҳанд таваҷҷуҳи мардумро ба сӯи худ ҷалб созанд. Таърих нишон додааст, ки ҳар гоҳ миллат ба ихтилофҳои дохилӣ гирифтор шудааст, қувваҳои беруна аз ин вазъият истифода бурдаанд. Мисолҳои кишварҳои гуногун собит месозанд, ки нооромии дохилӣ заминаи дахолати хориҷиро фароҳам месозад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки мардум ба ҳар хабару таҳлил бо чашми танқидӣ нигаранд ва бовар насозанд ки чунин аккоси сагон ба касе таъсир нахоҳад расонд  ва зери таъсири эҳсосоти лаҳзавӣ қарор нагиранд.

Миллати тоҷик таърихи пурифтихор ва дар айни замон пурошӯб дорад. Давраҳои сахти таърихиро паси сар намуда, имрӯз ба сӯи суботу рушд қадам мегузорад. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ барои ҷомеаи мо дарси бузург гардид. Он солҳо нишон доданд, ки ихтилофу тафриқа чӣ паёмадҳои сангин дорад. Аз ин рӯ, имрӯз аксари шаҳрвандон сулҳу суботро ҳамчун неъмати бебаҳо қадр мекунанд.

Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор