Имрӯз, 5-уми март, дар ноҳияи Сангвор маросими қадрдонии занони фаъол баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи Рӯзи Модар бахшида шуда, дар он занони фаъолу пешқадами ноҳия барои саҳми арзандаашон дар рушди ҷомеа қадрдонӣ гардиданд.

Зимни ҳамоиш Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳия суханронӣ намуда, таъкид кард, ки занон бо тарбиятгарии хеш меъмори ҷомеа ва созандаи ояндаи миллат мебошанд. Ӯ зикр намуд, ки дар даврони истиқлол барои занон имкониятҳои фаровон фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, занон аз маҳдудиятҳои гуногун раҳо гардида, фаъолона ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ворид шудаанд.

Ҳамчунин мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Назокат Исмонова занонро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрик намуда, таъкид кард, ки зан-модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва тарбиятгари насли солим мебошад. Ӯ иброз дошт, ки нақши занон дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва пешрафти ҷомеа ниҳоят бузург буда, имрӯз занони фаъол бо ташаббус ва меҳнати содиқонаи худ дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми назаррас мегузоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба занони фаъоли ноҳия барои фаъолияти пурсамар ва саҳми шоистаашон, инчунин бахшида ба Рӯзи Модар, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Наҳтутӣ Алиева