Якуми июни соли равон дар ноҳияи Сангвор Рӯзи ҳифзи байналмилалии кӯдакон бо шаҳомати тоза таҷлил гардид. Маҳз дар ин рӯз толори фарҳангӣ пур аз садои шодиву фараҳи кӯдакон буда, муҳити идона дар лабони пуртабассуми онҳо ҳувайдо буд.
Дар аввали чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон Олимзода Абдулло, муовини раиси ноҳия, паёми табрикии раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода М. Ғ.-ро ба самъи ҳозирин расонид. Зимни суханрони Олимзода Абдулло зикр намуд, ки: «Кӯдакон асоси ояндаи давлат ва ҷомеа мебошанд. Мо вазифадорем, ки барои рушди онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, дар тарбияи маънавию ҷисмонии онҳо саҳмгузор бошем. Ба ҳамаи кӯдакон саломатӣ, хурсандӣ ва рӯзгори пуршодманди оянда таманно дорем.”
Дар зимн иброз дошт, ки хандаи кӯдакон ояндаи дурахшони миллат аст.
Ӯ гуфт, ки нигоҳубини кӯдакон ва фароғати онҳо вазифаи ҳар як шахс ва ҷомеа мебошад.
Муовин таъкид намуд, ки муҳаббат ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон асоси ояндаи бофароғат ва солим аст.
Ҳамчунин, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии ноҳия ҳамеша дар хизматрасонии саривақтӣ ва бо сифати баланд ба кӯдакон омодаанд. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як кӯдак эҳсоси меҳрубонӣ ва ғамхорӣ аз тарафи давлат ва ҷомеаро ҳамеша эҳсос кунад.»
Дар идомаи чорабинӣ, барномаи фарҳангии рангин бо иштироки кӯдакон дар толори бахавои Кохи фарҳанг пешниҳод гардид. Кӯдакон бо рақсу суруду намоишҳои эҷодии худ ҳозиринро ба ҷалб намуданд, бо шодӣ ва мусиқии идона дунёи кӯдакон рангин гардид. Барнома бо иштироки фаъолонаи муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии ноҳия сурат гирифт ва кӯдакон дар саҳна ҳунари худро намоиш доданд.
Дар ин рӯз ба кӯдакони имконияташон маҳдуд низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд, ки боиси шодии беандоза ва эҳсоси ғамхории давлат ва ҷомеа гардид. Ин иқдом намунаи равшани масъулияти ҷомеа дар назди кӯдакони маъюб ва ниёзманд мебошад.
Чорабинии идона дар фазои гарму самимӣ ҷамъбаст гардида, ба иштирокчиён руҳияи болида ва хотироти нек бахшид. Кӯдакон аз барномаи пурмуҳтаво ва туҳфаҳои идона изҳори хушнудӣ намуданд. Зикр гардид, ки кӯдакон сарвати бебаҳои миллат ва ояндаи давлат буда, дастгирӣ ва тарбияи шоистаи онҳо кафили рушди устувори ҷомеа мебошад.
Н. Алиева









