20 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа тамоми намояндаҳои мақомоти маҳалии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун ширкат намуданд.
Дар кори ҷаласа Шодиён Исматулло Раҳматуллозод котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳобзода Абдураҳмон муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайдализода Муродалӣ Шамсулло сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Ҷаласа дар доираи баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ифротгароӣ, таҳкими ҳамгироии ҷомеа ва фаъол гардонидани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид.
Нахуст, Шодиён Исматулло Раҳматуллозод котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози назар намуд.
Сипас, раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ноҳияи Рашт хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ёдовар гардид.
Дар идома, Ҳамидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вобаста ба сиёсати иҷтимоии давлат ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи кишвар суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи кунунии ҷомеа, масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ маърӯза кард.
Кабутов Тоҷиддин Абдуллоевич муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, баланд бардоштани маърифати динӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ андешаронӣ намуд.
Ваҳобзода Абдураҳмон муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ масъалаҳои марбут ба таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ, омӯзиши дурусти арзишҳои динӣ ва муқовимат бо ақидаҳои ифротиро мавриди таҳлил қарор дод.
Инчунин, Сайдализода Муродалӣ Шамсулло сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт доир ба масъалаҳои таъмини амният, ҳифзи суботи ҷомеа ва ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оид ба масъалаҳо ва мушкилотҳои дар ҷаласа таъкидгардида нақша чорабиниҳои алоҳида тартиб дода шуда ҷиҳати бартараф намудани онҳо барари менамояд.
Дар ҷараёни ҷаласа миёни иштирокчиён музокира ва саволу ҷавоб баргузор гардида, пешниҳодҳои судманд оид ба беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ манзур карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ноҳияҳои водии Рашт то рузи 22-23юми майд идома хоҳад ёфт.
Н. Алиева









