Имрӯз дар толори бошукӯҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, занону ҷавонон ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, мақому манзалати оила ҳамчун рукни муҳими ҷомеа ва омили асосии тарбияи насли солим мавриди ситоиш қарор дода шуд.

Дар оғози ҳамоиш паёми табрикии раиси ноҳияи Сангвор ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила аз ҷониби Олимзода Абдулло Назрӣ, муовини раиси ноҳия ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар паёми табрикотӣ зикр гардид, ки оила ҳамчун пояи асосии давлату ҷомеа нақши бузург дошта, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, ватандӯст ва ахлоқманд аз муҳити солими оила оғоз меёбад.

Таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими оила, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҳамчунин имрӯз оилаҳои намунавӣ метавонанд барои ҷавонон ҳамчун мактаби зиндагӣ хизмат намуда, дар таҳкими маънавиёт ва пойдории ҷомеа саҳми назаррас гузоранд. Муовини раиси ноҳия ба тамоми сокинон, бахусус модарону бонувон ва оилаҳои ноҳия, зиндагии хушу осуда, саодати рӯзгор ва фазои орому саршор аз меҳру муҳаббат таманно намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оилаҳои намунавӣ аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои саҳми арзанда дар таҳкими оила, тарбияи фарзандони солеҳ, риояи анъанаҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо  туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Қайд карда шуд, ки чунин оилаҳо дар ҷомеа обрӯ ва мақоми хос дошта, барои дигарон намунаи ибрат мебошанд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ аз ҷониби бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сангвор ба чанд нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ботантана супорида шуд. Масъулин зимни супоридани шаҳодатномаҳо волидонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфта, ба кӯдакон зиндагии хушбахтона, саломатӣ ва ояндаи дурахшон орзу намуданд. Волидон низ барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Яке аз бахшҳои хотирмони чорабинӣ қадрдонии оилаи ҷавони навтаъсис буд. Ба арӯсу домод туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардида, ба онҳо зиндагии пурсаодат, рӯзгори обод ва муҳаббати ҷовидона таманно карда шуд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулият оила бунёд намуда, дар пойдории зиндагии муштарак, эҳтироми ҳамдигар ва тарбияи фарзандони шоиста саҳмгузор бошанд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли ҳунари ноҳия бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҷолиби тарбиявӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

Чорабинии идона дар сатҳи баланд баргузор гардида, бори дигар аҳамияти оиларо ҳамчун рукни муҳими ҷомеа ва мактаби тарбияи инсони комил таъкид намуд.

Н. Алиева