Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳувияти шаҳрвандии ҷавонон аҳамияти махсус касб намудааст. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва манфиатҳои давлату миллатро амиқ дарк намоянд. Зеро маҳз худшиносии миллӣ ҷавононро аз таъсири андешаҳои бегона, хурофотпарастӣ ва идеологияҳои ифротӣ эмин нигоҳ медорад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо роҳҳои гуногун барои гумроҳ сохтани ҷавонон талош мекунанд, баланд бардоштани сатҳи маърифату огоҳии миллӣ ба яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлои давлатӣ бо сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист пешрафтҳои назарасеро соҳиб гардад. Ин сараввал дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия ёфтани насли ҷавон мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ дошта бошад.

Аслан худшиносии миллӣ ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ, иттиҳоди мардум, дарки зарурати иттифоқ ва ҳамбастагӣ аст. Марҳилаи начандон тулонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳофару таҳаммулгаро мебошанд. Вақте ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш миёни ҷавонон пайдо мешавад, онро мавриди омӯзиш, мояи ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонем, зеро надонистани таърих, фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нобахшиданист.

Шукрона бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни пурғановаташ эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Аз ин рӯ, таърих моро водор месозад, ки аз арзишҳои миллӣ ифтихор дошта бошем. Барои таҳкими боз ҳам бештари ин дастовардҳо зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолу озодӣ ба шиори созанда ва муттаҳидкунандаи мардуми шарифи Тоҷикистон табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳои муқаддас дар қалбу шуури ҷавонон ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор месозанд. Ба онҳо эътимод мебахшанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.

Шуҷоат ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон ҳамеша намунаи пайравӣ аст. Мо ҳамеша пайрави ташаббусу пешниҳодҳои хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат дар ҳама ҷабҳа ҳастем. Мо ҳамеша мушоҳида мекунем, ки Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ сертаваҷҷуҳанд ва мардуми кишварро ба дарки истилоҳи «бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҷалб мекунанд. Инчунин, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қайд менамоянд, ки зиракиии сиёсиро аз даст надиҳед. Ин мафҳум маънои васеъ дошта, тамоми шаҳрвандон дар фаъолияти худ ҳамеша аз зирак ва пешбарандаи худшиносии миллии худ бошанд. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо ин масъала ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, то дар ин мавзуъ амиқан андешаҳояшро баён намояд. Имрӯзҳо Президенти мамлакат дар маърӯзаҳо, аз ҷумла Паёми ҳамасолаи худ доир ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ суханрониҳо карда қайд намудаанд, ҷавонон пешбарандаи насли наврас ва ояндаи ин давлату миллат мебошанд.

Чунончӣ: “Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”. Ҳар як фарзанди босадоқати мамлакат мебояд ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем.

Мо бояд таъкидҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндагии худ қарор дода, ҷавонон, мутахассисонро тарбия намоем, ки сазовори халқи хеш бошанд. Ҷаҳонбинии миллӣ, ватандӯстона ва илмӣ дошта, бо мақсаду мароми давлат, ки асоси онро амният ва осоиш, осудагӣ ва беҳбуди ҷомеа ташкил мекунад, ҳамтову ҳамнаво гарданд. Пешвои хирадманду дурандеши мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбари давлат интихоб шуданашон бо ҷавонон суҳбатҳо ороста, ҳисси нангу номуси ватандориро дар замири онҳо бедор кард. Ин ифтихори мо ҷавонон аст, ки чунин сарвари ғамхору меҳрубон ва оқилу доно дорем. Ӯ чунин шахсияти олимартабаест, ки дар сиёсати хирадмандонаи давлатдории хеш маорифро дар ҷойи авал мегузорад. Ӯ медонад, ки агар насли наврасу ҷавони кишвар босаводу ботарбия бошанд, ҳеҷ гоҳ ба роҳи нодуруст намераванд.

Ҳақиқатан, заиф будани худшиносии миллӣ дар мафкураи ҷавонон андешаҳои бегонапарастӣ ва хурофотпарастиро эҷод намуда, арзиши мафҳумҳои «миллат», «давлат» ва «ватан»-ро заиф мегардонад. Дар натиҷа ҷавонон ба таблиғоти доираҳои ғаразнок дода шуда, ба ифротгароӣ майл пайдо мекунанд. Ҳаргиз набояд фаромӯш сохт, ки таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ дар мафкураи ҷавонону наврасон аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Аз ин рӯ, моро шарт ва зарур аст, ки ҷавононро бо мафҳуми «худшиносӣ» бештар ошно намуда, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, то ин ки мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, бишиносанд.

Муродализода С.Ҷ.,

Ёрдамчии прокурори ноҳияи

Сангвор, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3