Санаи 21 апрели соли ҷорӣ дар толори барҳавои Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ва  роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеа ва сокинони маҳаллӣ вохӯрии муҳими фаҳмондадиҳӣ бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм арзёбӣ гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Раҷабзода Ҷаҳон Назар, мушовири  адлияи дараҷаи 2- Прокурори  калони Маркази  ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии  экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба нишасти имрӯза хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки чунин мулоқотҳо дар шароити имрӯза аҳамияти махсус дошта метавонанд, барои таҳкими ҳамкории ҷомеа ва мақомоти давлатӣ мусоидат менамоянд. Ӯ таъкид кард, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани равандҳои геополитикӣ, инчунин афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва киберҷинояткорӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз таъсири ин омилҳо дар канор намонда, пайваста тадбирҳои муассирро барои таъмини амният ва суботи ҷомеа амалӣ менамояд.

Зикр гардид, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ имрӯзҳо бештар аз имкониятҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои рақамӣ истифода бурда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба доми худ мекашанд. Ин раванд боиси нигаронӣ буда, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, махсусан миёни ҷавононро тақозо менамояд. Дар ин замина таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳушёру зирак буда, аз таъсири ҳар гуна таблиғоти ифротгароёна дурӣ ҷӯяд.

Дар идомаи вохӯрӣ намояндагони прокуратура ба нақши давлат дар пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020 ва 2021–2025 бо муваффақият татбиқ гардида, айни замон Стратегияи нав барои давраи то соли 2040 ва нақшаи амал барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шудааст. Ин санадҳо ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ ва амалӣ барои таҳкими фаъолияти пешгирикунанда хизмат менамоянд.

Инчунин зимни баромад намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд  намуд,  ки Стратегияи нав идомаи мантиқии стратегияҳои қаблӣ буда, дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили такмили заминаҳои пешгирии барвақтии экстремизм, баланд бардоштани нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ, кор бо ҷавонон ва занон, инчунин бартараф намудани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда дар муҳити динӣ ва фазои маҷозӣ дар мадди аввал қарор доранд. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт аҳаммияти калон дорад.

Ҳамчунин  Ғаюрзода Меҳрубон  Шукрулло, мушовири  адлияи дараҷаи 2- Прокурори  калони Маркази  ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии  экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, изҳор дошт, ки  масъалаҳои марбут ба амалисозии чораҳои пешгирикунанда мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд. Ӯ зикр намуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои мусбат ҳанӯз ҳам баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, барномаҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ дар баъзе ҳолатҳо хусусияти қолабӣ дошта, истифодаи усулҳои муосири таъсиррасонӣ, ба монанди видеороликҳо ва маводи рақамии кӯтоҳ, ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳамчунин, фаъолияти баъзе сомонаҳои расмӣ танҳо ба нашри иттилооти расмӣ маҳдуд гардида, ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ, бахусус ҷавонон, дар онҳо кам ба назар мерасад.

Дар идома таъкид гардид, ки таҳқиқотҳои илмӣ ва сотсиологӣ оид ба омилҳои тундгароӣ ва роҳҳои пешгирии он бояд густариш дода шаванд. Ба гуфтаи намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши амиқи вазъи иҷтимоӣ ва равонии қишрҳои гуногуни ҷомеа метавонад барои таҳияи чораҳои муассири пешгирикунанда мусоидат намояд. Ҳамзамон, зарурати тақвияти нақши мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ҷалби фаъолонаи онҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ махсусан таъкид гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаи нақши ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ тарбия ёбанд. Дар ин самт масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, масъалаи ҷалби баъзе занон ба гурӯҳҳои ифротӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки аксари онҳо дар натиҷаи надоштани маърифати кофӣ ва таъсири таблиғоти бардурӯғ ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд. Дар ин замина, ташаббусҳои инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргардонидани занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада ва мутобиқ намудани онҳо ба ҳаёти осоишта ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки Паём ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян мекунад. Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа арзёбӣ гардид.

Дар баромадҳо ҳамчунин ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ишора гардид. Қайд шуд, ки солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, сатҳи зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардида истодааст. Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, зиёд гардидани дарозумрии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ҳамчун нишондиҳандаҳои муҳими пешрафт номбар гардиданд.

Дар баробари ин, таъкид гардид, ки таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳамкории зичи ҷомеа бо мақомоти давлатӣ метавонанд заминаи устувори рушди кишварро таъмин намоянд. Намояндагони прокуратура иброз доштанд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки барои пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи усулҳои муосири иттилоотӣ ва ҷалби фаъоли ҷавонон ба ҳаёти ҷомеа аҳаммияти калидӣ дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд бо ҳисси баланди масъулият дар ҳифзи суботу амнияти кишвар саҳм гузорад.

Дар фарҷом намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин барои иштирок ва таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ ва муваффақият дар фаъолияти минбаъда орзу карданд.

Н. Алиева