8-уми май дар ноҳияи Сангвор бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоиши идона дар толори барҳавои Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷомеа ва сокинони касбу кори гуногун доир шуд.

Чорабинӣ дар фазои идона оғоз гардида, нахуст садои Суруди миллии Тоҷикистон танинандоз гардид. Сипас, ҳозирин ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ як дақиқа сукут ихтиёр намуданд.

Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат зимни суханронӣ ҳамаи иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоату ватандӯстӣ ва фидокории мардум ба хотири ҳифзи Ватан мебошад. Ӯ иброз дошт, ки фарзандони бонангу номуси тоҷик дар солҳои ҷанг паҳлӯ ба паҳлӯи якдигар халқҳо бар зидди фашизм мубориза бурда, барои таъмини сулҳу озодӣ ҷоннисориҳои зиёд кардаанд.

Дар зимн раиси ноҳия гуфт, имрӯз мо бо эҳсоси баланди эҳтиром ва қадршиносӣ хотираи неки онҳое, ки дар майдонҳои набард ҷони худро барои озодии инсоният нисор намуданд, гиромӣ медорем. Қаҳрамониву матонати онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи ибрат мебошад. Мо вазифадорем, ки сулҳу субот, ваҳдат ва оромии кишварро ҳамчун неъмати бузург ҳифз намоем.

Ҳамчунин зикр гардид, ки саҳми сокинони ноҳияи Сангвор дар солҳои ҷанг назаррас буда, садҳо нафар аз ҷавонони ноҳия барои ҳимояи Ватан ба ҷабҳа сафарбар гардида буданд. Бисёре аз онҳо дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҷон бохта, номи худро дар саҳифаҳои таърих ҷовидона сабт намуданд.

Таъкид гардид, ки эҳтиром ба гузаштагон ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонон яке аз арзишҳои муҳими миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат имрӯз мардум дар фазои амну осуда зиндагӣ намуда, барои пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона, шеърҳо ва саҳнаҳои тарбиявӣ хотири иштирокдоронро болида намуданд.

Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо қироати шеърҳо ва баромадҳои саҳнавӣ эҳтироми худро нисбат ба иштирокчиёни ҷанг ва ҳомиёни Ватан баён намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ бори дигар таъкид гардид, ки пос доштани хотираи қаҳрамонони ҷанг ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад.

Чорабинии тантанавӣ дар фазои эҳтиром ба таърихи пурифтихори халқ баргузор гардида, бори дигар аҳамияти сулҳу ваҳдат ва оромии кишварро барои ҷомеа таъкид намуд.

Н. Алиева