Аз соли 2019 бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Ҳадафи асосии роҳандозии ин озмун баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, эҳёи фарҳанги китобхонӣ, арҷгузорӣ ба осори гаронбаҳои адабӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб мебошад.

Имрӯз, 13-уми май, дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ хонандагони фаъолу болаёқат аз панҷ ҷамоати ноҳия иштирок намуда, маҳорати худро дар самти мутолиаи китоб, дониши адабӣ ва ҳифзи осори адибони классику муосир нишон доданд.

Озмун дар фазои озод оғоз гардида, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони бахши маориф, фарҳанг ва омӯзгорону волидайн ширкат варзиданд. Зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, эҳтиром ба китобу китобхонӣ ва рушди ҷаҳонбинии ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҷараёни озмун иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, назму наср ва ҳифзи ашъор байни ҳам сабқат намуданд. Ҳар як довталаб кӯшиш мекард бо қироати бурро, посухҳои мушаххас ва дониши фарох диққати ҳайати ҳакамонро ба худ ҷалб намояд.

Ҳайати комиссия аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва кормандони соҳаи фарҳангу маориф таъсис дода шуда, ба фаъолияти иштирокчиён баҳои воқеӣ гузоштанд. Аъзои ҳакамон ба хонандагон аз рӯйи асарҳои адабӣ саволу ҷавоб намуда, сатҳи дониши онҳо, маҳорати суханварӣ ва ҷаҳонбиниашонро мавриди санҷиш қарор доданд.

Иштирокчиёни озмун бо омодагии ҷиддӣ ва завқи баланд ҳунару истеъдоди худро муаррифӣ карданд, ки аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни хонандагон ба илму маърифат дарак медиҳад.

Масъулин иброз доштанд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз муҳимтарин тадбирҳои фарҳангӣ- маърифатӣ ба ҳисоб рафта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон ва рушди фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа нақши муассир мегузорад.

Бояд қайд кард, ки дар муддати кӯтоҳ озмуни мазкур миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳбубият пайдо намуда, ба яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии кишвар табдил ёфт. Имрӯзҳо «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки фаротар аз марзҳои кишвар низ шуҳрат касб кардааст. Дар озмун ҳамасола намояндагони тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ иштирок намуда, ба адабиёт ва фарҳанги тоҷик таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Ин ҳама самараи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад, ки барои рушди илму маърифат, эҳтиром ба китоб ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст заминаи мусоид фароҳам овардааст. Маҳз тавассути чунин иқдомҳо завқи китобхонӣ миёни ҷавонон бештар гардида, истеъдодҳои нав кашф ва ҳавасманд карда мешаванд.

Н. Алиева