Ноҳияи Сангвор яке аз минтақаҳои дурдасту кӯҳистонии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Табиати ин гӯшаи зебои кишвар ҳамзамон сахт ва пешгӯинашаванда аст. Ҳар баҳор бо боридани боронҳои шадид, омадани сел, ярч ва резиши сангҳо роҳҳои мошингард осеб мебинанд. Махсусан роҳи муҳими Лаби Ҷар - Сангвор -Душанбе, ки ягона василаи иртибот бо маркази ҷумҳурӣ мебошад, ҳамеша ба нигоҳубини ҷиддӣ ниёз дорад.

Сокинони ноҳия хуб дар ёд доранд, ки солҳои зиёд мушкилоти роҳ яке аз масъалаҳои асосии мардум ба ҳисоб мерафт. Дар фасли баҳор ҳаракати нақлиёт баъзан барои чанд соат ва ҳатто рӯзҳо қатъ мегардид. Мусофирон дар роҳҳо дармонда, ронандагон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешуданд. Сабаби асосӣ, хусусияти кӯҳистонии минтақа мебошад. Бо андаке борон аз баландӣ оби сел сарозер шуда, сангу лойро ба роҳҳо мерезонад.

Имсол барои сокинони Сангвор хабари хуш расид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки роҳи Лаби Ҷар - Сангвор - Дарвоз   бояд таъмиру навсозӣ карда шавад. Ин хабар дар байни мардум бо хушҳолӣ пазируфта шуд. Сокинон умедворанд, ки бо оғоз гардидани корҳои таъмирӣ мушкилоти чандинсолаи роҳ ҳал хоҳад шуд.

Аммо то анҷоми пурраи таҷдиди роҳ, кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳ  шабонарӯзӣ барои кушода нигоҳ доштани роҳҳо заҳмат мекашанд. Яке аз чунин ҳолатҳо рӯзи 11-уми май рух дод. Дар чанд гардиши роҳи Сангвор - Душанбе сел ва ярч фаромада, роҳро пурра баст. Аз як ҷониб зиёда аз 200 мошин бо мусофирон дармонда, аз ҷониби дигар низ даҳҳо нақлиёт ҳаракат карда наметавонистанд.

Дар чунин вазъ масъулияти роҳдорон  хеле назаррас буд.  Бо роҳбарии сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Сангвор, Акбар Делвохов ва кормандони муассиса техникаҳо фавран сафарбар гардиданд. Аз ду самт трактору техникаҳои роҳтозакунӣ ба кор даромада, тоза намудани роҳҳоро оғоз карда, бе таваққуф ва сарфи назар аз хавфи селу ярч фаъолият бурданд.

Маҳз таҷриба ва омодагии пешакӣ имкон дод, ки дар муддати камтар аз ду соат роҳ пурра кушода шавад. Мусофирон тавонистанд сафарро идома дода, ба хонаҳои худ баргарданд. Дар шароити кӯҳистон ҳатто чанд соат баста мондани роҳ метавонад мушкилоти зиёд ба вуҷуд оварад. Дар байни мусофирон кӯдакон, пиронсолон ва беморон низ қарор доранд, ки ба ёрии саривақтӣ эҳтиёҷ доранд.

Акбар Делвохов мегӯяд, ки муассиса барои чунин ҳолатҳо ҳамеша омода мебошад. Ба гуфтаи ӯ, захираи кофии сӯзишворӣ ва техника мавҷуд аст. Ҳангоми пешгӯии ҳавои номусоид аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявӣ кормандон пешакӣ огоҳ карда мешаванд. Ӯ мегӯяд: “Мо се рӯз пеш маълумот мегирем ва омодагӣ мебинем. Дар идора навбатдор таъин мешавад. Ин роҳҳои кӯҳистонанд. Бо каме борон ҳам сел меояд. Мо шабро шаб намегӯему рӯзро рӯз, вазифаи хешро дар назди мардум иҷро мекунем.”

Ин суханон нишон медиҳанд, ки фаъолияти роҳдорон танҳо кори маъмулӣ нест, балки масъулияти бузург дар назди мардум мебошад. Ба гуфтаи Делвохов, чанде пеш дар километри 050, инчунин дар километри 3 ва 8  ва чанди дигар сел омада, соати 1, шабона роҳро пурра баста буд. Бо вуҷуди ин, техникаҳо фавран ба ҷойи ҳодиса фиристода шуда, то соати 10-и субҳ роҳ пурра боз гардид.

Солҳои охир фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  Сангвор беҳтар  гардидааст. Сокинон низ эътироф мекунанд, ки назорат аз болои ҳолати роҳҳо ҷиддитар шудааст. Агар пештар баъзе роҳҳо барои муддати дароз баста мемонданд, ҳоло дар кутоҳтарин муҳлат ҳаракати нақлиёт барқарор мегардад.

Бояд гуфт, ки роҳи Сангвор - Душанбе ин шоҳроҳест, ки барои ҳазорон сокини ноҳия хизмат мекунад. Аз ҳамин роҳ маҳсулоти кишоварзӣ, беморон, донишҷӯён ва мусофирон равуо мекунанд. Аз ин рӯ, таъмини амнияти он аҳамияти стратегӣ дорад.

Табиат ҳарчанд пурқудрат аст, инсон бо ирода ва заҳмати софдилона метавонад мушкилотро паси сар намояд. Маҳз ҳамин рӯҳия имрӯз дар фаъолияти кормандони роҳҳои Сангвор ба назар мерасад,  ки аз худ масъулияти баланд нишон медиҳанд...

Наҳтутӣ Алиева