Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи ягона ва муассири сиёсӣ дар таърих ва вазъи имрӯзини давлатдорӣ нақши муҳим дорад, зеро ин ҳизб ҳамеша дар барқарорсозии давлати соҳибистиқлолу демократӣ ва рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Воеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи ягона ва муассири сиёсӣ дар таърих ва вазъи имрӯзини давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Ин ҳизб бо фаъолияти пайваста ва ҷонноки худ ҳамеша саҳми арзандаашро дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол, рушди демократия ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҷомеа гузоштааст. Аъзоёни ҳизб бо риояи принсипҳои демократӣ ва садоқат ба Ватан, ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъмин гардад ва зиндагии мардум беҳтар шавад. Бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои таърихӣ ва таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳамчун намунаи масъулиятшиносӣ ва созандагӣ барои дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандон хизмат мекунад.

Ҳамин тавр, КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор  ҳамчун нерӯи созанда ва таҳкимдиҳандаи давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи мутамаддин пайваста дар таърихи давлат ва ҳаёти мардуми кишвар нақши муассир дорад. Дар пайи ин мо низ тасмим гирифтем, бо Темур Қурбонзода, раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор чанд саволеро радду бадал созем. Инак, мутаваҷеҳи суҳбати мо бошед!

-Кори асосии Кумитаи иҷроияи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор аз чӣ иборат аст?  

-Шиори мо: “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон”.

Баҳри пешбурди суббот, ваҳдат ва рушди устувории ҷомеа дар ноҳия, Кумитаи иҷроия ҳамавақт талош меварзад, ки фазои сулҳу оромӣ фароҳам бошад ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия рушд кунанд. Фаъъолияти асосии Кумитаи иҷроияи ноҳия миёни мардум ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва баланд бардоштани фаҳмиши сиёсии шаҳрвандон мебошад.

-Мақсади стратегӣ ва ҳадафҳои асосии ҳизб дар ноҳия кадоманд?

-Имрӯз ҷаҳон дар ҳоли пешравӣ қарор дорад, ва дар ин раванд бархӯрди фарҳангҳо ва тамаддунҳо, инчунин таъсири ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳонгароӣ ба фарҳангҳои миллӣ низ ба мушоҳида мерасад. Дар баробари ин, омили бегонапарастӣ дар байни ҷавонон ва таҳдидҳои дигари фарҳангӣ низ ба назар мерасанд. Ҳифз ва нигоҳдории фарҳангҳо ҳамчун дастоварди барҷастаи башарият аҳамияти хоса дорад ва яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ва давлат, инчунин ҲХДТ маҳсуб меёбанд.

Дар пасманзари пешравиҳои илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ мушоҳида мешавад, ки баъзе ҷанбаҳои фарҳангӣ дар ҳолати фишор ва буҳронӣ қарор доранд. Дар ҳамин замина, стратегияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ба ҳадафи асосӣ соҳиб мешавад. Пешгирӣ аз ин тамоюлҳо дар байни ҷавонон ва равона сохтани онҳо ба сӯи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ. Ҳизб кӯшиш мекунад, ки ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва эҳтиром ба фарҳанги худ ҷалб намояд, то онҳо ҳамчун нерӯи созанда ва масъулиятшиноси ҷомеа барои рушду шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинон ва фаъолони ноҳияи Сангвор, бо ибтикори раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшох Ғайрат дар толори барҳавои шуъбаи маорифи ноҳия ҷамъомади васеъ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад кормандони мақомоти қудратӣ, аз ҷумла прокуратура, суди ноҳия, мақомоти амният, ШВКД, инчунин сокинон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

(ЗИЁРАТИ СИНДЕВ

 (Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 2, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 144 -158)

Ҳангоми роҳи мушкили кӯҳистонро паймудан, мисли лентаи кино ҳаёт, эҷодиёт, корномаи ин марди сухан ва амал пеши назарам мегузаштанд, ки шояд замони бачагӣ борҳо ҳамин  масирро тай карда бошад. Ва маҳз аз ҳамин деҳа ба дунёи бекарон қадам гузошта, вазифаи бузурги инсонии худро иҷро кардааст.

Истифодаи имконот барои омӯхтани забон, таърих, урфу одат, анъана, макону маҳали зуҳури арзишҳои маънавӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо, барои ҳар яки мо ҳамчун ёдгорӣ дорои аҳаммияти фавқулода аст.

«Ҳама чизро донистан мехоҳам!» – яке аз беҳтарин шиорҳои ҳаёти одамизод мебошад.

Вақте маро масъули минтақаи Роштқалъа таъйин карданд, дар дилам эҳсоси наҷибе падид омад, ки он зиёрати зодгоҳи Шоири халқӣ, адиби маҳбуби миллати тоҷик Мирсаид Миршакар буд.

Зимни сафари хизматӣ ба маркази Роштқалъа, аз дӯстам Айнулло, директори мактаби миёна, вобаста ба нишони роҳи Синдев пурсон шудам.

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 2, Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 346-377)

Солҳои навадум барои муҳтаво ва мундариҷаи тафаккури миллии тоҷикон имтиҳони бузург буд.

Вазъи буҳронии саросарии давлат, ки дар он як миллат аксариятро ташкил медиҳад, мавзуи таҳқиқоти академӣ аст. Ба хотири муайян кардани омилҳо, оқибатҳои фоҷиабарангез ва эҳтимоли минбаъд бартараф кардани он.
Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки ҳолати носолими вазъи ҷаҳонбинӣ, маънавиёти миллат касалии силро мемонад: дар аввал ошкор кардани он душвор, аммо чун муайян шуд, табобаташ осон аст. Вақте ин касалӣ рӯй зад, ошкор шуданаш осон, аммо табобати он мушкил мегардад. Гоҳо оқибати кор ба мусибат анҷом меёбад.
Муддати ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷикон дар ҳолати ғуломигарии воқеӣ ва маънавӣ қарор доштанд.
Дар ҳафтод соли Ҳокимияти Шуравӣ, номи тоҷик тавассути ҷумҳурии мустақил доштан бо аломатҳои сиёсӣ маъруфият пайдо карда бошад ҳам, ба хотири кӯтоҳии замонӣ имкони ташаккули мафкураи миллиро надошт. Қишри муайяни дорои эҳсоси худшиносии миллӣ дар ақаллият буд.