Ё чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон чист?

Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни марз иттилооти саҳеҳу носаҳеҳро пахш мекунанд ва  бо хар роҳу восита ҷавонону наврасонро аз доираи одобу ахлоқ берун мебаранд ва хатарҳои гуногун моро таҳдид мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст.

Ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати таълиму тарбияи кӯдакони худ ва ба ин васила коста гардидани хислату рафтори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо, равияҳои ҷиноятпеша ҷомеаро нигарон кардааст. Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон оид ба  рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки насли наврасу ҷавонро дуруст тарбия созем. Зеро,  аксарияти ноболиғоне, ки даст ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд, онҳое мебошанд, ки аз таҳсилу шуғл ва дарёфти касб дур мондаанд.

Маҳз дур мондан аз таҳсил ба ҳолати руҳӣ ва ақлонии ноболиғ таъсири манфӣ расонида, имкон медиҳад, ки ӯ кирдорҳое, ки ќонун манъ кардааст анҷом дода, ҷомеаи шаҳрвандиро халалдор созад.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ин воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигарон, ки тавассути филмҳои хориҷӣ, пахши ҷараёни мусобиқоти варзишӣ оид ба набардҳои тан ба тан ва ҳар гуна бозиҳои дигари компютерӣ ба ҳаёти мо дохил мешаванд, мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасонро фосид менамоянд.

То соли гузашта бо дарназардошти аз таҳсил дур мондани ноболиғон, яъне ҳатмӣ набудани зинаи сеюми таҳсилот ё худ маълумоти миёна сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон  дар ҳудуди ҷумҳурӣ сол аз соли зиёд мешуд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ зарур шуморид, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории дар самти маориф яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ҳатмӣ набудани зинаи сеюми таҳсилот ё худ маълумоти миёна боиси коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятӣ дар байни ноболиғон мегардад.

Аз ин лиҳоз 1 марти сол 2024 ба  моддаи 16 қисми 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” тағйиру иловаҳо бо чунин тарз ворид карда шуд: баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд.

Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ баъди қабули тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти кишвар, таҳсилоти миёна барои ҳамаи хонандагон ҳатмӣ гардид. Бояд зикр намуд, ки то 1 марти соли 2024  таҳсили асосӣ то синфи 9 ҳатмӣ буд. Тибқи тағйироти қабулшуда, минбаъд хатми таҳсил пас аз синфи 9 ғайриимкон аст. Хонанда бояд то синфи 11 таҳсил намояд ё ин ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ дохил шаванд, ки инро қонунгузорӣ муқаррар кардааст.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасон инчунин баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо зарурат пайдо мешавад. Бо ҳамин мақсад, бинобар сабаби атрофи қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоштани аксарияти онҳо мебошад, ки даст ба ин амалҳои номатлуб мезананд. Барои баланд бардоштан маърифати ҳуқуқии наврасон ва даст назадан ба ҳар амалҳои манънамуди Қонун, доир ба ин мавзуъ ба онҳо маълумоти мушаххас додан лозим аст.

Дар умум, яке аз роҳҳои ҷалб намудани хонандагон ба таълиму тарбия ва даст назадани онҳо ба ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ ин ташвиқу тарғиб аз ҷониби шахсони масъул мебошад.

Ҳамчунин ин суханон ба он тақвият бахшида мешаванд, ки воқеан қисмати зиёди вақти наврасон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад, волидонро мебояд барои дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуди фарзанди хеш саҳмгузор бошанд.

Мо кормандони прокуратура вобаста ба ин масъала бетараф набуда, доимо кушиш менамоем, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ин самтро ба  ҷомеа расонида, то ноболиғон машғул ба таълим ва тарбия шуда, аз ҳар гуна кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятӣ дур шаванд.

Маҳмадалиев С.Ҷ., коромӯз, дар вазифаи ёрдамчии

прокурори ноҳияи Сангвор