Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки аз таъсири андешаҳо ва фарҳанги бегона бояд мо эҳтиёткор бошем. Ин масъала махсусан барои насли наврас ва ҷавон бисёр муҳим аст, зеро онҳо осебпазиранд ва метавонанд осон ба доми фиреби бегонагон ва душманони миллат афтанд.
Президенти мамлакат таъкид карданд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими маърифат ва ахлоқи ҷомеа бояд дар мадди аввал қарор гирад. Танҳо тавассути афзоиши дониш, омӯзиши таърих ва фарҳанги худ ва дастрасии ҷавонон ба иттилооти боэътимод метавон ба таъсири манфии андешаҳои бегона муқовимат кард.
Бояд таъкид кард, ки имрӯз тамоми давлатҳои дунё барои пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва терроризму экстремизм ки боиси хунрезӣ, кина ва ранҷу азоб мешаванд, мубориза эълон кардаанд. Аммо, наметавонанд, муваффақият ба даст оранд.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бисёре аз ин падидаҳо реша дар масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд. Танҳо чораҳои фаврӣ наметавонанд онҳоро бартараф кунанд.
Мубориза бо падидаҳои номатлуб на танҳо қонунҳо ва чораҳои фавриро, балки таҳлили амиқ, ҳамоҳангсозӣ ва тағйирот дар сатҳи ҷомеа ва фарҳангро талаб мекунад. Фазои холии иттилоотӣ, ки дар он маълумот кофӣ ё дуруст нест, метавонад ба ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Вақте фазои иттилоотӣ холӣ аст, гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд осонтар бо ҷавонон тамос гиранд, зеро онҳо танҳо манбаъҳои иттилоотӣ ҳастанд ва дастрасии онҳо ба ҷавонон осон аст.
Дар ин асно, ҷавонон метавонанд ба осонӣ ба маълумоти яктарафа ё нодуруст дастрасӣ пайдо кунанд. Таъсири гурӯҳҳои ифротӣ афзоиш меёбад, зеро онҳо метавонанд ақида ва идеологияи худро бе муқобилияти касе пешниҳод кунанд. Дар чунин ҳолат ҷавонон метавонанд бо ин иттилоот ба хулосаҳои нодуруст расида, ба амалҳои хатарнок даст зананд.
Аз ин рӯ, пур кардани фазои иттилоотӣ бо маълумоти дуруст ва дастрасӣ ба манбаъҳои боэътимод барои муҳофизати ҷавонон аз таъсири манфӣ ва ифротгароӣ хеле муҳим аст.
Бо рушди босуръати техника ва технологияи муосир, имрўз барномарезӣ ва тарроҳии идеяҳои нав барои ҷалби таваҷҷӯҳи насли наврас хеле мушкил гаштааст. Дар гузашта, кӯдакон ва наврасон аксаран бо китоб, бозӣ, театр ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ вақт мегузарониданд ва онҳо нисбатан осон ҷалб мешуданд. Аммо имрӯз фазои рақамӣ ва технологӣ пур аз имкониятҳои гуногун аст, ки диққати ҷавононро ҷалб мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, видеоҳои кӯтоҳ, бозиҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ, завқи наврасону ҷавононро ба худ ҷалб намудааст. Ҳар кадоме аз ин манбаъҳо бо услуб ва муҳтавои худ кӯшиш мекунад, ки диққати насли наврасро ба худ ҷалб кунад, ки ин раванди рақобатро барои муаллифону тарроҳон хеле душвор мекунад.
Дар ин замина, идеяҳои анъанавӣ ва барномаҳое, ки дар гузашта ҷолиб буданд, ҳоло дигар наметавонанд таъсири қавӣ расонанд. Барои он ки таваҷҷӯҳи ҷавононро ба худ ҷалб кунанд, барномарезон ва тарроҳон бояд бо ин техника ва технологияи муосир ҳамқадам шаванд, идеяҳои нав, интерактивӣ ва ҷолиб эҷод кунанд. Масалан, истифода аз формати видеоҳои кӯтоҳ бо сюжетҳои шавқовар, барномаҳои интерактивӣ ва ё бозиҳои таҳлилӣ метавонад таваҷҷӯҳи наврасону ҷавононро бештар ҷалб намояд.
Илова бар ин, муҳтавои пешниҳодшуда бояд ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати эстетикӣ ҷавобгӯи завқи наврасон бошад. На танҳо идея нав ва формати ҷолиб, балки паём ва арзишҳое, ки ба ҷавонон мерасад, нақши муҳим мебозад. Агар паём ё идея ба онҳо наздик ва фаҳмо набошад, ҳатто ҷолибтарин формати технологӣ ҳам наметавонад таваҷҷӯҳи онҳоро нигоҳ дорад.
Барои таъсиргузорӣ ба насли наврас, эҷодкорон бояд ҳамеша навовар, бодиққат ва таҳлилгари манбаъҳои иттилоотӣ ва завқи ҷавонон бошанд. Ин раванди ҳамоҳангсозӣ байни идеяи нав, технология ва талаботи насли наврас асоси таъсири муваффақро ташкил медиҳад.
Нигаронии аҳли ҷомеа низ аз он аст, ки имрӯз он бозингароне, ки дар ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундрав ҳастанд, дигар мисли бозингарони қаблӣ нестанд. Онҳо хеле зирак, доно ва стратег мебошанд. Ин гурӯҳҳо на танҳо бо забони худ фаъоланд, балки забони англисӣ, арабӣ ва чандин забонҳои дигарро медонанд ва тарғиботи худро вобаста ба майлу тамоюли насли нав ва ҷавонон мутобиқ мекунанд.
Бо истифода аз ин дониш ва малакаҳои забонӣ, онҳо метавонанд паёмҳои худро ба тариқи муассир ва ҷалбкунанда расонанд, ки таъсири онҳо ба ҷавонон хеле афзудааст.
Бинобар ин, барои пешгирӣ аз таъсири манфии ин гурӯҳҳо, бояд хеле эҳтиёткор буд. Ҳифзи ҷавонон аз гирдоби пурфоҷиаи онҳо танҳо бо баланд бардоштани огоҳӣ, таълиму тарбияи дуруст ва дастрасӣ ба маълумоти боэътимод имконпазир аст. Ҷавонон бояд тавонанд фарқият байни иттилооти дуруст ва яктарафаро дарк кунанд ва на танҳо ба садои ҷолиб ва ҷолиббози гурӯҳҳои тундрав гӯш диҳанд, балки бо маърифати ҷомеавӣ ва ахлоқии қавӣ таҳким ёбанд.
Дар маҷмӯъ, таҳдиди гурӯҳҳои тундрав имрӯз хеле мураккаб ва стратегист ва барои пешгирӣ аз таъсири онҳо ба насли наврас, зарур аст, ки ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ бо ҳамоҳангӣ ва чораҳои муассир фаъолият кунанд.
Саидбеки Сафарбек, раиси ҷамоати деҳоти Тавилдара









