Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад. Тибқи нақшаи дурнамо, имсол дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар 330 гектар ғаладонагӣ, дар 800 гектар картошка, дар 83 гектар сабзавот, дар 24 гектар зағир, дар 67 гектар лубиёгӣ ва дар 10 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст.

Дар баробари хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳар сокини ноҳия замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасонро самаранок истифода намуда, зироати барвақтӣ, аз қабили картошка, помидор, бодиринг, карам, қаламфури булғорию тез, сирпиёз ва дигар зироат кишт намуда, барои зимистонгузаронии хонаводаи худ захира менамояд. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Сангвор дар шаш моҳи соли 2025 ба 49 миллиону 900 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 се миллиону 91 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» дар ноҳияи Сангвор ба 103 корхонаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизмат мерасонад. Шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ дар ноҳия ба 6 ҳазору 143 нафар расида, ба ин восита ҳамаи амалиёти бонкӣ ба таври ғайринақдӣ гузаронида мешавад. Корхона дар шашмоҳаи якуми соли равон ба сокинони ноҳияи Сангвор барои рушди соҳаи кишоварзию соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо 3 миллиону 909 ҳазору 185 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дод, ки ба зиндагии шоистаи сокинон мусоидат менамояд.

Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бунёди 80 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, як қисми он мавриди истифода қарор дода шудааст. Соли 2025 барои сохтмони асосии ноҳия аз буҷети маҳаллӣ 740 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Қабл аз оғози гуфтушунид Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров аз толорҳои зебову барҳавои бинои нави Парламент — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Сипас меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт.

Дар оғози мулоқот  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии миёни ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба тавсеаи муколамаи байнипарламентӣ ва ҳамкории амалии Маҷлиси миллӣ бо Жогорку Кенеш таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, талошҳои созандаи Сарони ду давлатро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити ҳасанаи кишварҳо ва мардумони бародари тоҷику қирғиз таъкид  намуданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи марти соли равон  ба вуқӯъ пайваст, баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ карда шуданд.

Зарурати андешидани тадбирҳои босамар дар доираи Шўрои байниҳукуматӣ ҷиҳати густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти ҳамкорӣ  дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таъкид гардид.

Ҳарду ҷониб таҳкими алоқаҳоро дар бахшҳои фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон муҳим шумориданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушди босифати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ тавассути истифодаи самараноки зарфиятҳои ду кишвар заминаҳои нави мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Истифодаи ҳарчи бештари неруи ҳамкории байнипарламентӣ барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои ду давлат ба манфиати мардумони бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории самаранок дар соҳаҳои гуногуни ду давлат мубодилаи афкор намуда, зарурати густариши онро дар оянда таъкид намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо хоҳони густариши муносибатҳои байнипарламентии ду давлат гардиданд.

Инчунин масъалаи рушду тавсеаи муносибатҳои байнипарламентӣ дар заминаи механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ, бахусус дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ гардид.