Бояд хотирасон намуд, ки санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, қабул намуд. Лоиҳаи сандҳои мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли 2025 дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид. Тибқи таѓйироту иловањо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад.
Моддаи мазкур аз се қисм иборат мебошад.
Дар диспазитсияи қисми 1-и ин модда чунин омадааст; «Аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо(аз 27350 то 41025 сомонї) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол љазо дода мешавад.
Дар диспазитсияи қисми 2-и моддаи мазкур, чунин дарљ гардидааст; ҳамин кирдор агар;
а) ба миқдори калон;
б) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
в)аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо(аз 60000 то 90000 сомонї) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Тибќи қисми 3-и ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар;
а) ба миқдори махсусан калон;
б) аз ҷониби гуруҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Миқдори калон ва миқдори махсусан калон дар эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷинояти Љумњурии Тољикистон шарҳ дода шудааст, ки мутобиқи он таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои боби 26 андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар (75000 сомонї) мебошад.
Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар(150000 сомонї) мебошад.
Ҳамзамон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи мазкур (ба истиснои қисми 3) пешбинишуда агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбурда пешбинигардида таъин карда мешавад.
Вобаста ба ин ба моддаи 49 Кодекси мазкур тағйири дахлдор ворид карда мешавад.
Тибқи таѓйиру иловањои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, моддаи 382-и Кодекси њуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба чунин мазмун ворид карда шуд:
Тибќи диспазитсияи моддаи 382 Кодекси њуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондињанда барои њисобњо(аз 1500 то 2250 сомонї), ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондињанда барои њисобњо(аз 2250 то 3750 сомонї) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо( аз 15000 то 22500 сомонї) татбиқ карда мешавад.
Боиси хурсандист, ки дар баробари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, барои ба мардум фаҳмондани муҳтавои ин қонунњо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби фаъолон гуруҳҳои таблиғотӣ таъсис доданд ва дар доираи имкониятҳо бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир карда шуданд, меъёрҳои қонунњои номбурда ба сокинони ноњия фаҳмонида шуданд. Дар баробари ин, пайваста ба муқобили вайронкунандагони қонун чораву тадбирҳои лозима андешида мешавад. Аз ин рў шањрвандонро зарур аст, ки ќабл аз даст задан ба чунин қонунвайронкунињо даст болои дил мегузоштанд ва андешаи пешомадро мекарданд. Баъди содир намудани ќонунвайрокунӣ дигар пушти даст газиданҳо фоида надорад.
Масъулини суди ноҳияи Сангвор масъалаи мазкурро барои он манзури хонандагони рӯзнома гардониданд, ки дониши ҳуқуқии онҳо дар ин самт баланд гардад, онҳо аз рӯи надонистани қонунҳо даст ба қонуншиканӣ назананд, ки он боиси зарар дидани иқтисоди оилавиашон гардад.
Салимзода М.Д.,
Раиси суди ноҳияи Сангвор



