- Диданд: 100
Бояд хотирасон намуд, ки санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, қабул намуд. Лоиҳаи сандҳои мазкур дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли 2025 дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид. Тибқи таѓйироту иловањо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ мекунад.
- Диданд: 110
Сангвор яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бо ҳавои тоза ва обҳои софу зулолаш маъруф аст. Ин диёри биҳиштосо макони муносиб барои истироҳат ва табобат ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, то имрӯз дар ноҳияи Сангвор истироҳатгоҳ фаъолият намекард.
Дар пайи амалҳои созандаву ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин саҳми соҳибкорон, акнун ин иҷдом амалӣ шуда истодааст. Бо бунёди истироҳатгоҳ дар Сангвор шароити нави фароғат ва муолиҷа барои сокинон ва меҳмонон фароҳам хоҳад омад.
Ба истиҷболи ҷашни 35-умин солгарди Истиҷлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор як ҷатор иҷдомҳои созандаву ободонӣ роҳандозӣ шудаанд.
Тибҷи наҷша, то соли 2026 бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат сохтмони ҳаммом анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, бо сармоягузории соҳибкор Хоҷаев Ҷиёмиддин дар ноҳия табобатгоҳ-истироҳатгоҳ бунёд гардида, ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар баробари ин, то соли 2025 дар маркази ноҳия коргоҳи бандубасти асал таъсис меёбад, ки барои коркарду бастабандии маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар ҷамоатҳои деҳоти Заршӯён ва Вахиё то соли 2026 боғҳои интенсивӣ бунёд мешаванд, ки саҳми арзандае дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ хоҳанд дошт.
Ин иҷдомҳо аз ватандӯстиву садоҷати ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси Сангвор дарак дода, дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат ба рушди иҷтисодиву иҷтимоии ноҳия ва зебоии бештари он мусоидат менамоянд.
- Диданд: 99
Мардуми сарбаланди Сангвор ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро вусъат медиҳанд. онҳо Корҳои гуногуни ободониву тозакории муҳитро ба роҳ мондаанд.
Ҳамарӯза кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту истироҳатгоҳҳо, инчунин муҳити хонаҳо ва кошонаҳо тоза ва озода мегарданд. Бо шинонидани дарахтон, гулу буттаҳо ва нигоҳубини онҳо, саҳми сокинон дар гулгулшукуфӣ ва сарсабзии ноҳия назаррас мебошад.
Ин иқдомҳо на танҳо симои зебои ноҳияи Сангворро боз ҳам дурахшон месозанд, балки аз садоқати мардум ба арзишҳои миллӣ ва эҳтироми онҳо ба Истиқлолияти давлатӣ шаҳодат медиҳанд.
Ташаббусҳои мазкур симои ноҳияи Сангворро боз ҳам зеботар намуда, нишони садоқат ва муҳаббати мардуми сарбаланди он ба арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Саҳифаи 9 аз 37



