- Диданд: 104
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Э.Раҳмон
Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, бе шак, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Ин вожаҳо имрӯз на танҳо маънои сиёсӣ ва амниятӣ доранд, балки мавҷудияти ороми ҳар як ҷомеаро таҳдид мекунанд. Бо шунидани ин истилоҳҳо, дар зеҳни ҳар инсон манзараҳои даҳшатбори қатлу куштор, тарсу ваҳшат, оташзании биноҳо, нобасомониҳо ва фоҷиаҳои башарӣ таҷассум меёбанд.
- Диданд: 107
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ барои танзим ва идораи ҷашнҳо ва маросимҳои иҷтимоӣ қабул гардида, бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фарҳанг ва кам кардани хароҷоти барзиёд татбиқ мешавад.
Ин Қонун бо таъкиди махсус ба муҳити оилавӣ, анъанаҳои миллӣ ва эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои ҳар шахс, ба хотири барпо намудани ҷашнҳои муназзам ва камхарҷ таълиф шудааст. Риояи он кафолат медиҳад, ки ҷашну маросимҳо бо тарзи арзандаву фарҳангӣ баргузор гардида, бе зарари иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бошанд.
Мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки дар амалигардонии талаботи Қонун саҳмгузор бошанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Сангвор назорат ва танзими ҷашну маросимҳо комиссия ё гурӯҳи корӣ ба хотири пешгирии исрофкорӣ, беҷо харҷ кардани маблағҳо ва барҳам задани оромии ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст. Гурӯҳии корӣ ҳамеша, бо саъю талош маъракаҳоро назорати ҷиддӣ мебаранд.
Риояи Қонуни танзими ҷашну маросим, пеш аз ҳама, барои таъмини ҳуқуқ ва озодии ҳар шахс дар интихоби шаклу миқёси ҷашн, инчунин ҳифзи иқтисоди оила ва ҷомеа аҳамияти калон дорад. Бо татбиқи Қонун ҷашнҳои идона ва маросимҳои суннатӣ дар муҳити муназзаму фарҳангӣ баргузор шуда, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои некро ҳифз менамояд.
- Диданд: 117
Ватан, меҳан, зодгоҳ, албатта, калимаҳои муқаддасанд, ки барои тамоми мардуми ҷаҳон азиз аст. Ин калимаҳоро ҷомеаи инсонӣ зимни иҷтимоишавии хеш аз калонсолон меомӯзад. Мазмун ва моҳияти ин калимаҳо тавассути шеърҳо, сурудҳо, асарҳо ва дигар унсурҳои эҷодӣ дар ҳиссиёти ахлоқии насли нав маншаъ мегирад.
Қайд, кардан бамаврид аст, ки саргузашти инсониятро зиддиятҳо, муноқишаҳо ва ҷангҳо ҳамроҳӣ намудаанд. Бахсус дар заминаи ин падидаи манфӣ чандин давлатҳо, халқҳо ва тамаддунҳо аз байн рафта, аксари ҷангҳо боиси харобиҳои зиёд ва монеи рушд гардидаанд. Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост.
Дар замони муосир бо дарназардошти омили ғоявӣ, хатари аслиҳаи қатли ом ва шиддати бархурдҳои тамаддунӣ, миллӣ ва мазҳабӣ хатари ҷангҳо ба маротиб боло рафта метавонад заминаи аз байн рафтани тамоми дастовардҳои касбнамудаи инсоният гардад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи ҳассос ва мураккаб барои таърихи инсоният нақши шахсиятҳои пешво, муттаҳидкунандаи халқ ва рисолати сулҳхоҳӣ боло меравад.
Саҳифаи 12 аз 37



