25 июли соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Сангвор Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Анделеб-2025» баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ кормандони Шуъбаи фарҳанги ноҳия ва ҳаваскорон бо истеъдодҳои гуногун барномаи омоданамудаи худро пешниҳоди доварон намуданд.

Ҳайати ҳакамон барномаҳои иштирокчиёнро бо таваҷҷуҳ баҳогузорӣ намуда, баъзе аз намоишҳои сурудро мавриди эрод қарор доданд. Онҳо таъкид карданд, ки дар саҳнаҳои минбаъда интихоб ва иҷрои барномаҳо бояд боз ҳам беҳтару дурусттар роҳандозӣ шаванд.

Сардори Шуъбаи  фарҳанги ноҳия Бафозода дар ҷараёни фестивал зикр кард:

«Анделеб минбари беҳтарин барои истеъдодҳои нав мебошад. Мо кӯшиш дорем, ки чунин иқдомҳо бештар баргузор шаванд, то ҳунари мардумӣ ҳифз ва рушд ёбад.»

Шодӣ Раҳмонов, яке аз ҳайти доварон зимни баромад зикр кард,  ки ҳунармандиву овозхонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг буда, пеш аз ҳама аз истеъдоди табиӣ ва пас аз он аз сайқалу такмили пайваста вобаста мебошад. Ва дар идома гуфт, ки бояд истеъдодҳо рушд ёбанд ва барои муаррифӣ ва мавқеъи баланд такмил шаванд.

Фестивали мазкур ҳадаф дорад эҷодиёти мардумиро эҳё ва дастгирӣ намуда, ба ҷавонон ва ҳунармандон заминаи муносиб барои рушд ва муаррифии истеъдод фароҳам оварад.