Ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Тарбия кардани шаҳрвандон бо ҳисси ватанпарастӣ на танҳо маънавият ва худшиносии онҳоро баланд мебардорад, балки ба устувории ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад.

 Шаҳрвандоне, ки ватандӯстанд, дар назди давлат ва ҷомеа масъулиятшинос буда, қонунҳоро риоя мекунанд ва барои рушди кишвар саҳм мегузоранд. Тарбия ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ аз оила, мактаб, ҷомеа ва сиёсати давлатӣ сарчашма мегирад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки ватанпарастӣ аз шинохти таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ оғоз меёбад ва ҳар фарди ватандӯст барои пешрафти Ватан бояд фаъолона кору пайкори созанда кунад.

Ҳар шаҳрванд масъулият дорад,  ҳамчун рукни устувори давлатдорӣ ва таъминкунандаи оромӣ, ваҳдат ва рушди кишвар нақши муассир дошта бошад. Аз ин рӯ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии бузург дорад.

 Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ байни кормандони идораҳо ва ташкилотҳои ноҳия, бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мулоқотҳо зери  унвони "Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ" дар ноҳияи Сангвор доир мегардад.

Ин чорабинӣ аз тарафи Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия, Нурзода Туйчи, бо иштироки кормандони тамоми корхонаҳо ва муассисаҳо ва ҷавонони ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар мулоқот аҳамияти тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ таъкид шуд.

Ҳамчунин, иштирокчиён бо намунаҳои воқеии зиндагӣ ва хизматҳои барҷастаи шаҳрвандон шинос шуданд ва барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва саҳми фаъолона дар рушди кишвар ташвиқ гардиданд. Мулоқот бо саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои муҳим дар доираи тарбияи ватандӯстӣ анҷом меёбад.

«Мавҷи Хингоб»