Мардуми сарбаланди  Сангвор ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободониро вусъат медиҳанд. онҳо Корҳои гуногуни ободониву тозакории муҳитро ба роҳ мондаанд.

Ҳамарӯза кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту истироҳатгоҳҳо, инчунин муҳити хонаҳо ва кошонаҳо тоза ва озода мегарданд. Бо шинонидани дарахтон, гулу буттаҳо ва нигоҳубини онҳо, саҳми сокинон дар гулгулшукуфӣ ва сарсабзии ноҳия назаррас мебошад.

Ин иқдомҳо на танҳо симои зебои ноҳияи Сангворро боз ҳам дурахшон месозанд, балки аз садоқати мардум ба арзишҳои миллӣ ва эҳтироми онҳо ба Истиқлолияти давлатӣ шаҳодат медиҳанд.

Ташаббусҳои мазкур симои ноҳияи Сангворро боз ҳам зеботар намуда, нишони садоқат ва муҳаббати мардуми сарбаланди он ба арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ мегардад.