Хабари дардовар расид, ки рӯзи 20-уми май  Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Умед Достиев дар синни 100-солагӣ  ин дунёро тарк намуда,  ба ҷаҳонӣ абадӣ пайваст. Ӯ бо шуҷоату мардонагӣ дар ҷангҳои солҳои 1941-1945 барои муҳофизати Ватан ќаҳрамонона ҷангида,  бо корномаи худ дар таърихи халқи тоҷик нақши номдор гузошт.

     Умедов Достӣ 1 июли соли 1925 дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор зода шуда, солҳои 1941-1945 дар Чанги бузурги Ватанӣ иштирок намуда, баъдан дар ноҳияи Панҷ зиндагӣ кардааст. Ӯ чун бригадири колхоз, ҳисобчӣ ва дар чанд вазифаҳои дигар ба Ватану миллат  содиќона хизмат намуда, баъдан боз ба деҳаи Пашор-зодгоҳаш баргаштааст. Дар он ҷо давлати пирӣ ронда, бо ҳукми таќдир, 20-уми майи соли 2025 ҷовидона ин дунёро хайрбод гуфт.

     Бо ҳисси гарми эҳтиром ва самимият мегӯем, ки Умедов Достиев як шахсияти барҷаста ва охирин Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Сангвор буд.

Корнамоии чунин мардони майдон  намоди муҳаббат ва садоқат ба Ватан аст,  ки барои наслҳои оянда аҳамияти амиқ дорад. Онҳо ҳаргиз намемиранд, номи неки эшон дар сархати таърих ва ёдгӯшаи мардум бо ҳарфҳои сабз навишта мешавад. Бо эҳтиром ва эҳсоси амиқи ҳамдардӣ, аз номи аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор  ва моҳномаи «Мавҷи Хингоб» , ба аҳли хонадони Умедов Достӣ, Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  изҳори тасалият мегӯем ва дар дарди фироќу ҷудоӣ ба онҳо сабру шикебоӣ таманно мекунем.

    Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бод!

   Дар замони муосир шабакаҳои ичтимоӣ-интернетӣ ба яке аз сарчашмаҳои  асосии иттилоот барои мардум табдил ёфтаанд. Бо вуҷуди он, ки ин шабакаҳо     имконияти паҳн кардани маълумотро бо суръати баланд фароҳам меоранд, ҳамзамон боиси паҳн шудани  иттилоот ва хабарҳои бардурӯғ низ гаштаанд.

    Хабарҳои бардурӯғ-ин маълумоте аст, ки асоси воқеӣ надошта, бо мақсади фиреб додан, таҳрик додани эҳсосот ё таъсир расонидан ба афкори умум мебошад. Ин гуна хабарҳо метавонанд ба оромии ҷомеа, эътибори шахсони алоҳида ва ҳатто ба амнияти миллӣ хатар эҷод кунанд.

    Ҷавонон, ки аксарияти корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мешаванд, аксари вақти худро дар ин фазои рақамӣ мегузаронанд. Бо вуҷуди он, ки онҳо бо технология ошно ҳастанд, на ҳамеша тавоноии  таҳлили амиқи иттилоот ва ҷудо кардани ҳақиқат аз дурӯғро доранд.

   Дидаву мушоҳидаҳо нишон доданд, баъзе ҷавонони гумроҳ аз ноогоҳиву бесаводӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ ба доми фиреби ифрогароён афтиданд. Онҳо на танҳо риштаи ҷони ҷавони хешро канда карданд, балки наздиконашонро низ ба гирдоби андӯҳ кашиданду ба мотам нишонданд.

    Бояд зикр кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ  набудани саводи расонаӣ дар байни қисми зиёди ҷавонон аст. Онҳо ба хабарҳои бардурӯғ зуд бовар мекунанд.

    Бисёре аз хабарҳои ғаразнок, овозаҳо ва маълумоти таҳрифшуда маҳз тавассути ҷавонон дар байни ҷомеа паҳн карда мешавад, ки ин таъсири манфӣ ба афкори омма дорад.

     Оила пояи асосии ҳар як ҷомеа мебошад. Ин маконест, ки инсон нахустин дарсҳои муҳаббат, меҳрубонӣ ва масъулиятро фаро мегирад. Дар оғози ҳаёт, маҳз дар доираи оила инсон забонро меомӯзад, ахлоқро дарк мекунад ва асосҳои муносибат бо дигаронро мефаҳмад.

    Оила на танҳо муҳити гарм ва амн барои рушду инкишофи фарзандон аст, балки асоси тарбияи наслҳои оянда низ ба шумор меравад.
    Волидайн, ҳамчун намунаи ибрат, бо рафтор ва гуфтори худ таъсири бузург ба фарзандон мерасонанд. Муҳаббати беқайд ва дастгирии ҳамешагӣ дар оила ба инсон қувват мебахшад, то бо мушкилот рӯ ба рӯ шавад ва дар зиндагӣ муваффақ гардад.
    Оилаи солим ҷомеаи солимро месозад. Агар дар оила муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, фарзандон низ ин арзишҳоро аз худ намуда, онҳоро ба ҷомеа интиқол медиҳанд. Аз ин рӯ, нигоҳубин ва мустаҳкам намудани оила, масъулияти ҳар як узви он ва ҳамзамон ҷомеа мебошад.
    Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки оила аввалин мактаби зиндагӣ аст, ки инсонро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад. Ба қадри оила расидан ва барои мустаҳкамии он кӯшидан қарзи ҳар яки мост.
 
БАФОЗОДА САДОРАТ
Муовини раиси ноҳияи Сангвор