«Дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёкон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи руҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, руҳбахш, пуркору накукору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам.
Ӯ воқеан, меҳнатдӯст ва заҳматқарин аст.
Дар шоҳидӣ ва пеши назари мо садҳо, ҳазорҳо амале ба намоиш гузошт, ки ӯро ҳамчун ҷавонмард, фарзанди баруманди ин сарзамин, ҷонфидо ба хотири сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии Ватан, обрӯ, манзалат ва тақдири таърихии миллат ва давлати тоҷикон муаррифӣ кард»(С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 657-658).
«Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ ҳамон вақт узви фаъоли муносиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад, ки аз лиҳози объективӣ ҷонибдори асили манфиатҳои миллӣ бошад ва аз лиҳози субъективӣ – ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ва муҳокимаронӣ аз худ амалҳои созгор ба рушди миллӣ нишондиҳад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 32).
«Дар нигоштаҳои Пешвои миллат фарзандони содиқи халқи тоҷик ҳамчун мардоне тасвир ёфтаанд, ки дар лаҳзаҳои барои миллат ҳассос ва басо хатарнок ба майдон омада, ҳаёту мамоти худро ба хотири ҳимоя, пойдорӣ, бардавомии давлати тоҷикон бахшидаанд. Шахсият, рӯҳи ботинии онҳо ба пуррагӣ ба мақсадҳои бузург ва тақдири таърихии миллат тавъам омадааст» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 59-60).
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВАХЕШТАНШИНОСӢ –
ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ
«Дар баёни маъниҳои худшиносӣ ва ваҳдат Сарвари давлат андешаи миллиро дар ҷойи аввал мегузорад ва таъкид мекунад, ки чунин тасаввурот вақте зуҳур меёбад ва аз худ қотеона дарак медиҳад, ки мафҳумҳои «замини аҷдодӣ», «Ватан», масъулияти шинохт ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба ҷузъиёти муҳиммиҷаҳонбинии шаҳрвандон мубаддал гардад, яъне дарки воқеияти маънавӣ бошад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 23).
«Пешвои миллат ҷаҳонбинӣ ва андешаи миллиро бо далелҳои эътироф ва эҳтироми урфу одат ва анъанаҳои деринаи мардумӣ омили муҳим барои худшиносии миллӣ мешуморад. Дар ин лаҳза на танҳо қудрати истодагарӣ карда тавонистани фарҳанги миллати тоҷик ба бегонагон, балки ба маънавиёти истилогарон таъсир расонидан, бар онон пирӯз гаштан ишора карда мешавад» (Ҳамон ҷо. – С. 24-25).
«Дар таълифи Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал меистад. Ӯ гаштаву баргашта хотиррасон мекунад, ки инсон бояд қувва ва имконоти худро дар вобастагии кулл бо доираи манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад, худро нисбат ба тақдири Ватан масъул шуморад ва худкифо бошад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).
«Дар таълимоти Пешвои миллат таърихи халқ маҷмуи равандҳо ва натиҷаҳое мебошад, ки худи фарзандони миллат офаридаанд ва ба онҳо муваффақ шудаанд. Ҳамзамон бо ин, шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ки худро ҳамчун қаҳрамон ва номбардорони миллат муаррифӣ кардаанд, ба некӣ ёдоварӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, зарурати аз онҳо ибрат гирифтан ва ба онҳо пайравӣ карданро таъкид месозад» (Ҳамон ҷо. – С. 26).
«Панду андарзҳои Сарвари давлат дар масъалаи тақвияту таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон решаҳои боэътимоди илмӣ доранд. Муттаҳидии мардум, пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳамчун шартҳои ҳифзи манфиатҳои кишвар ва афзоиши неруи иқтисодии мамлакат ҳамчун омилҳои муҳимтарини рушди давлатдории миллӣ эътироф гардидаанд» (Ҳамон ҷо. – С. 26-27).
«Нақди ганҷинаи идеяи Пешвои миллат сохтани давлати миллӣ аст. Ғарб маҳз тавассути фарзандони бонангу номусаш ҳанӯз чорсад сол қабл ба чунин хулоса омада буд. Ва ин шакли давлатдориро пазируфт. Онро бунёд кард. Афзалият ва самараи ин сохт дар олам маъруф гашт. Ба чунин ниҳоди сиёсии дар таҷрибаи пешқадами инсоният санҷидашуда бо заҳмат ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар сарзамини тоҷикон асос гузошта шуд. Он аз лиҳози ҳуқуқӣ ва воқеӣ бунёд гардид» (Ҳамон ҷо. – С. 29).
«Агар суханони Сарвари давлат дар бораи ин фидоиёни халқи тоҷик гаштаву баргашта мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, намунаи олии ватандорӣ, сифати комили шахсият, ки барои сохтан, рушд кардани давлати миллӣ, ҳифз кардани манфиатҳои он зарур аст, баръало намудор мегардад» (Ҳамон ҷо. – С. 48).
«Дар таълимоти Сарвари давлат масъалаи тарбияи инсон характери муназзам, сохторӣ ва амалӣ дорад. Он тамоми ҷанбаҳои ташаккули инсонро дар бар мегирад. Аммо тарбияи ахлоқиву маънавӣ дар он мавқеи марказиро ишғол мекунад. Тавассути заҳматҳои бедареғу шабонарӯзӣ Пешвои миллат мекӯшад дар ботини ҳамватанон, ки ӯ ҳаёту мамоти худро ба онҳо бахшидааст, ҳиссиёти баланди арзишҳои меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ташаккул ёбад» (Ҳамон ҷо. – С. 51).
«Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ дар партави корномаи Пешвои миллат, аз аркони ниҳоят аҳаммиятноки худшиносии миллӣ мебошад. Мағз андар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад. Моҳияти чунин муносиботро мақсадҳои воқеан ҳаётӣ – зарурати ногузири ба инобат гирифтани таносуби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он вазифаҳои ҳаётан муҳимме, ки барои сохтани давлати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ хос мебошанд, дар бар мегирад» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 8. Достони ҷавонмардӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 308-309).
«Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик − «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми I. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 27).
«Садоқатмандӣ ва эътиқоди бепоёни ӯ ба халқ, собитқадамӣ дар роҳи иҷрои паймон, истодагарӣ дар масири пешгирифта, таъмини сулҳ, ваҳдат, рушди устувори миллӣ, сарфи назар аз мушкилот, таҳдид ва хатарҳои ҷонӣ, омилҳои аслии хештаншиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои асосии ҷомеа гардид. Ҳаммаром будани иқдомҳои Пешвои миллат бо ормонҳои мардум ба иҷро гаштани нақшаҳои барои мамлакат созгор такони ҷиддӣ бахшиданд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 11. Қисми II. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – С. 224).
«Роҳбари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ, масъалаи эҳёи миллиро эълон ва давоми се даҳсолаи ахир онро аз лиҳози назариявӣ коркард, тасдиқ вадар таҷрибаи амалӣ ҷонфидоёна роҳандозӣ намуд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 12. Эҳёи миллат – бақои давлат. – Хуҷанд: Ношир, 2024. – С. 5).
«Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки Даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид. Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд» (Ҳамон ҷо. – С. 28-29).
«Таҳлили назария ва амалияи сиёсии Сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст» (С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми II. – Душанбе: Эко принт, 2024. – С. 652).
«Ман, ҳамчун шаҳрванд шоҳиди воқеӣ ва иштирокдори раванди сиёсати амалӣ зери раҳбарии Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.
Аз ин лиҳоз, барои мо арзишмандии табиат ва нақши шахсияти Раҳбар дар тулуи мушкилнафаси давлатдории миллӣ, шароити ниҳоят сангини гирдоби таърихӣ, даврони тақдирсоз, қонунмандии ҷараёни тараққиёти ҷамъиятии замон чун оина равшан аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).
«Яке аз самтҳои омӯзиши сифати шахсияти раҳбар, инъикоси фаъолияти ӯ дар ҳолати динамикӣ – қудрати пешрафт, ҳалли мушкилот ва сарнавишти сиёсии ҷомеа, ки новобаста аз иродаи зимомдори мамлакат арзи вуҷуд кардааст, маҳсуб мегардад.
Насли мо шоҳиди сиёсати амалии Сарвари кишвар дар мушкилтарин даврони давлатдории тоҷикон, охири асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI аст» (Ҳамон ҷо. – С. 649).