
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии абармарди дунёи сиёсат, шахсияти инсондӯсту хирадсолор, Пешвои маҳбубу мардуми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати Зан-Модар бамаротиб боло рафтааст. 28-уми декабри соли 2024 дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши фаъоли занон дар раванди давлатдории миллӣ ёдовар шуда, ба мақому мартабаи онҳо дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос баҳои баланд доданд. Ва аз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба қадри заҳматҳо ва шабзиндадориҳои занону модарон расанд. Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем». Миллати бостонии тоҷик дар ҳар давру замон ба нақш ва мақоми занон арҷ мегузошт, вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024 садо дод, ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро ташкил додани занону бонувон мебошад.