Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое буд, ки дар оғози давлати тозаистиқлолаш ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии сангин гирифтор шуд. Солҳои 1992–1997 барои халқи тоҷик, махсусан минтақаҳои осебдида, аз ҷумла ноҳияи Сангвор, солҳои озмоиши азими таърихӣ буданд. Дар чунин вазъияти душвор, зарурати пайдо кардани раҳбари қавиирода, хирадманд ва мардумї  беш аз пеш эҳсос мешуд.

      Дар ҳамин давра, марди далеру фарзонаи миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсии кишвар бо шиори таърихии худ қадам гузошт:
"Ман ба Шумо сулҳ меорам!"

      Аз лаҳзаҳои нахустини роҳбариаш, Пешвои миллат бо иродаи устувор, сиёсати хирадмандона ва дастгирии халқ бар муқобили ҷанг, парокандагӣ ва бесуботӣ мубориза бурд. Ӯ сулҳро на ҳамчун созишномаи расмӣ, балки ҳамчун як фарҳанг ва арзиши миллӣ қабул кард ва барои ноил шудан ба он тамоми тавоноии сиёсӣ, дипломатӣ ва шахсии худро сарф намуд.

     Имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ, гуфтугӯҳои мураккаб ва хатарҳои ҷонӣ барои худи Президент буд. Ин сулҳ на танҳо ҷанги бародаркушро хотима бахшид, балки асоси як давраи нави рушди устувори Тоҷикистонро гузошт.

     Дар солҳои минбаъда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба мамлакати ором, пешрафта ва дар ҳоли рушд мубаддал гардид. Барқарорсозии деҳот, бозсозии инфрасохторҳо, ба фаъолият оғоз кардани мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва барномаҳои миллии рушди иҷтимоӣ — ҳама баёнгари нақши беандозаи Пешвои миллат дар сулҳу субот мебошанд.

      Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат тавонист фарҳанги ваҳдат, сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар ва ҳамзистиро ба як бахши муҳими шинохти миллӣ табдил диҳад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Олимзода Абдулло,

 муовини раиси ноҳияи Сангвор

      Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳар гӯшаи кишвар асар гузошт, ки ин ба ҳама маълум аст. Вале бархе минтақаҳо, мисли ноҳияи Сангвор, дар маркази ин гирудорҳо қарор доштанд. Замине, ки мардуми меҳнаткаш ва содиқ ба Ватанро парвариш додааст, он солҳо сахт осеб дид. Хонаву деҳаҳо вайрон шуданд, ҳазорон оила аз ҳам пошида, садҳо нафар аз ҷумлаи беҳтарин фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд.

     Ҳарчанд сулҳ барқарор шуд ва ваҳдат дар саросари кишвар ҳамчун арзиши олӣ пазируфта шуд, вале дард ва захмҳои он ҷанг дар дили ин мардум то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Мардуми ин диёр, ки солҳои зиёд аз имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ маҳрум буданд, ҳанӯз ҳам барои таъмини зиндагии шоиста мубориза мебаранд.

     Бо вуҷуди ҳамаи ин,  миллати тоҷик ба сулҳ устувор монд. Онҳо хуб медонанд, ки чӣ гуна ҷанг хонавайрон мекунад ва чӣ гуна ваҳдат метавонад заминаи зиндагии беҳтарро фароҳам созад. Сулҳро эҳтиром мекунанд, ва ба фардои дурахшон бовар доранд. Сулҳ на танҳо хомӯшии тиру тӯп аст, балки адолат, имконият ва эҳтиром ба зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, ки имрўз мо бо он нафас мекашем ва роҳати ваҳдатро эҳсос мекунем.

      Ваҳдат калимаест, ки бо маънию охангаш шахсро ба  ягонагӣ ва  муттаҳидӣ  даъват  мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онхо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд.   Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

       Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27-уми июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.