Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое буд, ки дар оғози давлати тозаистиқлолаш ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии сангин гирифтор шуд. Солҳои 1992–1997 барои халқи тоҷик, махсусан минтақаҳои осебдида, аз ҷумла ноҳияи Сангвор, солҳои озмоиши азими таърихӣ буданд. Дар чунин вазъияти душвор, зарурати пайдо кардани раҳбари қавиирода, хирадманд ва мардумї  беш аз пеш эҳсос мешуд.

      Дар ҳамин давра, марди далеру фарзонаи миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсии кишвар бо шиори таърихии худ қадам гузошт:
"Ман ба Шумо сулҳ меорам!"

      Аз лаҳзаҳои нахустини роҳбариаш, Пешвои миллат бо иродаи устувор, сиёсати хирадмандона ва дастгирии халқ бар муқобили ҷанг, парокандагӣ ва бесуботӣ мубориза бурд. Ӯ сулҳро на ҳамчун созишномаи расмӣ, балки ҳамчун як фарҳанг ва арзиши миллӣ қабул кард ва барои ноил шудан ба он тамоми тавоноии сиёсӣ, дипломатӣ ва шахсии худро сарф намуд.

     Имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ, гуфтугӯҳои мураккаб ва хатарҳои ҷонӣ барои худи Президент буд. Ин сулҳ на танҳо ҷанги бародаркушро хотима бахшид, балки асоси як давраи нави рушди устувори Тоҷикистонро гузошт.

     Дар солҳои минбаъда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба мамлакати ором, пешрафта ва дар ҳоли рушд мубаддал гардид. Барқарорсозии деҳот, бозсозии инфрасохторҳо, ба фаъолият оғоз кардани мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва барномаҳои миллии рушди иҷтимоӣ — ҳама баёнгари нақши беандозаи Пешвои миллат дар сулҳу субот мебошанд.

      Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат тавонист фарҳанги ваҳдат, сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар ва ҳамзистиро ба як бахши муҳими шинохти миллӣ табдил диҳад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Олимзода Абдулло,

 муовини раиси ноҳияи Сангвор